KGU

МУЛОҚОТИ РЕКТОР БО ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

МУЛОҚОТИ РЕКТОР БО ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ 30.08.2022

МУЛОҚОТИ РЕКТОР БО ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек бо ҳайати омӯзгорон ва роҳбарияти факултети молиявию иқтисодӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот ноибони ректор, декани факултет, муовинони декан, мудирони кафедраҳо ва ҳайати омӯзгорон иштирок доштанд.
Нахуст профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ҳини сӯҳбат аз дастовардҳои бадастовардаи факултет ёдовар шуда, барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дар самти таълиму тарбия дастуру супоришҳо доданд.
Аз тарафи омӯзгорони факултети молиявию иқтисодӣ пешниҳодот ироа гардид. Аз ҷумла, Каҷкуллоев Абдухолиқ, дотсент, декани факултет, Мирсаидов Муҳаммаднаим, дотсент, Холматов Баҳром, Тешаев Мирзошариф ва дигарон ибрози назар намуданд.
Профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек низ аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сифати таҳсилот ёдовар шуда, қайд карданд, ки бояд тамоми чораҳо андешида шавад, то сифати таҳсилот дар факултет беҳтар гардад.
Қайд гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим ва ба даст овардани музаффариятҳои бештар дар ҳама самтҳо бояд софдилонаву содиқона кор кунем.


Back to the list