Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рӯзи дониш таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи дониш табрик гуфт. Инчунин, қайд кард, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат моро муваззаф менамояд, ки дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намудани шогирдон кӯшиши бештар намоем.
Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам суханронӣ намуда, табрикоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро ба ҳозирин расониданд ва аҳли раёсатро бахшида ба Рӯзи дониш муборакбод гуфтанд. Қайд карданд, ки ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ моро водор менамояд, ки шогирдонро дар рӯҳияи илмомӯзӣ тарбия намоем. Инчунин, аз дастгириҳои раиси вилояти Хатлон ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аз муваффақиятҳои бадастовардаи маорифчиёни вилоят ҳарф зад.
Сипас, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба тамошои Дарси сулҳ, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат баргузор шуда истодааст, машғул шуданд.