ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ
давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ба ифтихори Рӯзи дониш
Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳамкорон ва шогирдони азиз!
Бо камоли самимият устодон, донишҷӯён, хонандагон ва аҳли маорифи кишварро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ – оғози соли нави таҳсил табрику муборакбод гуфта, ибрози умедворӣ менамоем, ки соли нави таҳсил барои кишвари ободу соҳибистиқлоли мо боз як соли босамари татбиқи Стратегияи миллии рушд, нақшаву барномаҳои таълимӣ, натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии инноватсионӣ дар истеҳсолот гардида, баҳри боз ҳам ободу зебо намудани ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштмаъво қадамҳои устувор гузошта мешавад.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш бо баргузории Дарси сулҳ ва истиқбол аз соли нави таҳсил дар саросари Тоҷикистони азиз нишони эҳтироми хосаи давлату ҳукумат ба соҳаи илму маориф буда, ҳамзамон, роҳнамо ва василаи дилгармии омӯзгорону муҳассилини зинаҳои таҳсилоти мамлакат ҷиҳати касби дастоварду комёбиҳои беназир маҳсуб меёбад.
Ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф ва илму фарҳанг, аз ҷумла ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯҳбаланд гардида, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дарси сулҳ, ки ҳамасола дар муассисаҳои таълимӣ бо кормандони соҳаи маорифи кишвар баргузор мегардад, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз сармашқи фаъолият дониста, баҳри татбиқи онҳо пайваста саъю кӯшиш менамоянд.
Яке аз фараҳбахштарин дастоварди илмии донишгоҳ дар соли равон ин ворид шудани Маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора аз 26 майи соли 2022, таҳти №5 қарор қабул намудааст. Маҷалла аз бахшҳои таърих ва бостоншиносӣ, педагогика ва филология иборат буда, фаъолияти он барои олимону омӯзгорони донишгоҳ ва ҳам муҳаққиқони беруна ҷиҳати нашри мақолаҳои илмиашон имкони бисёр мусоид ва ҳамин тавр, баҳри таҳкими зарфияти илмии донишгоҳ муҳиму таконбахш арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин, боиси хушҳолии аҳли коллектив аст, ки Шурои диссертатсионии донишгоҳ (6DКОА.002) аз рӯйи 2 равия (педагогика ва психология) ва 3 ихтисос ба фаъолият оғоз намуда, аллакай рисолаҳои илмии 4 нафар довталабони дараҷаҳои илмӣ (3 нафар омӯзгорони донишгоҳ ва 1 нафар беруна)-ро муҳокима ва барои ҳимоя иҷозат додааст.
Мафҳумҳои «дониш» ва «сулҳ» ба ҳам зич тавъам буда, баёнгари асолати таърихии давлатдории миллати деринбунёду соҳибтамаддуни тоҷик аст. Дар тамоми давраҳои мавҷудияти таърихӣ гузаштагони бофазлу дониши мо дар фарҳанги давлатсозиву давлатдорӣ ҷангу муборизаҳои мусаллаҳонаро сахт маҳкум намуда, ҳамеша ҷонибдори фарҳанги сулҳ ва ҳалли мусолиматомези масоили ҷойдоштаи сиёсӣ будаанд. Таҷрибаи талхи ба истиқлол ва ваҳдати миллӣ расидани Тоҷикистони азиз, ки дар миқёси ҷаҳон ҳамчун фарҳанги сулҳ эътироф шудаву барои мамолики ҷангзадаву пурмоҷаро ба ҳайси формулаи ҳалли буҳронҳои сиёсӣ тавсия мешавад, исботи ин гуфтаҳост.
Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки моро зарур аст фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбият намоем.
Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасоз диққати махсус медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар Дарси сулҳ қайд карданд, ки: “Давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне кадрҳои баландихтисос обод мекунанд.
Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд.
Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ бунёд кардану таъсис додани 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели возеҳи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад.”
Дар охир тамоми устодону омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва ҳамаи кормандони соҳаи маорифро ба ифтихори Рӯзи дониш,Дарси сулҳ ва 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба онҳо хониши хубу аъло, одобу ахлоқи шоиста орзумандам.
Рӯзи дониш муборак, ҳамватанони азиз!