Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади амалигардонии бандҳои дахлдори “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” вохӯрӣ бо намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ сардори бахши муқовимат ба коррупсияи шӯъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба тарбия Назаров Ҳотам ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро дотсент Назаров Ҳотам оғоз намуданд. Сипас, сардори бахши муқовимат ба коррупсияи шӯъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод суханронӣ намуда, қайд карданд: “Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат бо коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ намуда истодаанд”.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби толор ба намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суолҳо пешниҳод гардид, ки ба ҳамаи онҳо ҷавоб гардонида шуд.