KGU

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ- МАРҲАЛАИ ЭҲЁ ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ДАВЛАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ- МАРҲАЛАИ ЭҲЁ ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ДАВЛАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН 11.09.2022

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ- МАРҲАЛАИ ЭҲЁ ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ДАВЛАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Истиқлоли давлатӣбузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳуввияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.


ЭмомалӣРаҳмон


Дар қомуси фарҳанги худшиносию худогаҳии миллатҳо, ки миллати тоҷик бидуни шак яке аз онҳост, мафҳумҳои «Ватан» ва «Истиқлол» бо ҳамдигар тавъаманд. Паёми озодӣ ва мустақлият, ки 31сол пеш аз ин дар фазои кишвар танин андохт, аз қиёми як миллати сарафроз ҷаҳониёнро огоҳ кард ва мардуми ҳушманди сайёра ин башоратро, ки офтоби эҳё аз ҳарфаш тулӯъ мекард бо хушнудӣистиқбол кард.

Албатта, истиқлол, ки ҳеҷ ганҷе дар ҷаҳон ҳамсангаш нест, барои мо ба осонӣба даст наомада буд. Онҳое, ки мухолифи соҳибихтиёрии мо буданд, кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, то моро аз неъмати бебаҳо маҳрум созанд, аммо он гуна ки нурро наметавон аз офтоб ҷудо кард, тоҷикро аз тоҷ ҷудо кардан ғайриимкон аст.

Аз соли 1991 аз он сапедаи истиқлол, ки тулӯи хуршеди озодиро пайғом овард ва Тоҷикистон сураи худшиносии худро аз минбари баланд ба ҷаҳониён эълом дошт ва аз он лаҳзаи фируз то имрӯз 31сол сипарӣмегардад.

Бояд тазаккур дод, ки фаҳмиши истиқлол набояд танҳо як муколамаи расмии ҳукуматӣбошад, балки он бояд ба як баҳси хеле амиқу дилчасп ва гуногунпаҳлу миёни мардум, аз ҷумла дар сатҳи илмӣтабдил ёбад. Имрӯз дар бисёр мамлакатҳои тозаистиқлол мафҳуми «истиқлол» маҳбубияти зиёде пайдо намудааст ва шаҳрвандон ба он бо эҳсосу самимияти хосса таваҷҷуҳ мекунанд.

Беҳуда нест, ки мафҳуми «истиқлол» дар амалия ҳамчун истиқлоли олӣва истиқлоли том истифода бурда мешаваду якеро эълон менамоянду дигарашонро эътироф мекунанд. То имрӯз истиқлоли давлатии Тоҷикистонро 180 кишвари ҷаҳон пазируфтааст, ки ин тақвияти эътирофи истиқлоли давлатдории миллии мост.

Истиқлол назарияи сиёсиест, ки бо роҳбарияти олӣё ҳокимияти сиёсӣпайваст аст. Мафҳуми «истиқлол» (шакли ғарбии истифодаи он «суверенитет» мебошад, ки аз забонҳои лотинӣва франсавӣгирифта шудааст) маънои «ҳокимияти олӣ»-ро дорад. Маълум аст, ки мафҳуми «истиқлол» дар забони мо аз калимаи арабӣомада, маънояш –мухтору мустақил будан, озод будан дар иҷрои коре, мустақилӣва сохибихтиёрӣаст. Яъне,маънои асосии истиқлол волоияти ҳокимияти давлатӣдар дохили мамлакат ва озод будани он аз тобеият ба давлатҳои дигар аст.

Истиқлоли давлатӣду вижагии хос дорад: а) дохилӣ; б) берунӣ.
Истиқлоли дохилии давлат ҳолатест, ки ҳокимияти олӣва бемаҳдуди давлат нисбат ба ҳамаи субъектҳо эътироф карда мешавад. Дар сурати низоми мавҷудаи корҳои давлатиро риоя накардан ё амалҳои мухолифи манфиатҳои давлат ва ҷомеаро ихтиёр намудани ҳар гуна субъектҳои сиёсат, мақомоти давлатӣҳуқуқи комил доранд, ки тамоми воситаҳои таъсиррасонӣва ҳатто фишороварию зӯроварии қонуниро истифода намуда, риояи низоми сиёсию ҳуқуқиро таъмин намоянд.

Хосияти берунии истиқлол маънои ҳокимияти олии давлатро эътироф ва эҳтиром намудани давлатҳои дигар, пеш аз ҳама, давлатҳои бузург ва ҳамсоякишварҳоро дорад.

Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо 31-юмин солгарди Истиқлоли давлатии худро бо дастовардҳои бузурги худ таҷлил менамояд. Агар таърихи истиқлоли мо зиёда аз чаҳоряк аср бошад, умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буданд ва ниёгони арҷманди мо дар оғоз ва саргаҳи давлатдорӣқарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣба равшанӣмардуми тоҷик як муддати тӯлонӣаз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд. Ин давраи тира, ки чандин қарн идома ёфт, асрҳои фоҷиаи миллӣва таназзули фарҳангии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Гарчи дар ин марҳала маҳз дар заминаи таҷрибаи давлатдории тоҷикон даҳҳо давлату сулолаҳо дар ин сарзамин ҳукм ронданд, аммо тоҷики соҳибватан зери идораи бегонагон қарор дошт. Танҳо 9-уми сетябри соли 1991 чархи сарнавишт дубора ба муроди мардуми тоҷик давр зада, тоҷикон соҳиби истиқлол ва давлати мустақил шуданд.

Бинобар ин вақти сухан аз истиқлоляти давлатӣмеравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлоли давлати тоҷикон мебошад, яъне миллати кӯҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид.

Муҳимтарин дастоварду комёбие, ки мо дар 31 соли Истиқлоли давлатӣкасб намудем, ин аз хатари нестӣнаҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Ин нукта борҳо ёдрас шудааст, вале ин ҷо бори дигар таъкид месозем, ки бе ягон шакку шубҳа, наҷоти давлатдории миллӣмасъалаи меҳварии таърихи дирӯзу имрӯзи мо ба шумор меравад.

Дар нахустин рӯзҳои Истиқлоли давлатӣмасъалаи ҳифзи тамомияти арзии давлат ҳам яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо буд, зеро дар он рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣбаъзе нерӯҳои дохилӣва хориҷӣаллакай нақшаи тақсими Ҷумҳурии Тоҷикистони ягонаро дар сар доштанд. Ин хатари ҷиддӣбо талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ва ба шарофати ваҳдату ҳамдилӣва дастгирии мардуми кишварамон бартараф гардид.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣкишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобию хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳҳамул намоянд.

Дар кишвар аз охири соли 1997 барои таҷдиду бунёди муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида, сохтори роҳҳои муосири мошингард, нақбҳо, шабакаҳои интиқоли барқ аввалин барномаҳои барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣкарда шуд ва ҳамин тавр, даҳҳо тарҳи дигари ваҳдатсоз амалӣгаштанд.

Дар айни замон Истиқлоли давлатӣба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд.

Дар партави Истиқлоли давлатӣинчунин ташаккули низоми иқтисоди мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣмуяссар гашт ва давлат аз буҳрони амиқ баромада, ба марҳилаи рушди ҳамаи соҳаҳо қадам гузошт. Хусусан, муқовимат ва истодагарии низоми иқтисодию иҷтимоии кишвар дар баробари фишори бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ки имрӯзҳо идома дорад, бори дигар устувории вазъияти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро нишон дод.

Илова бар ин, Истиқлоли давлатӣба мо имкон дод, ки кишвар ва мардуми худро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣнамоем ва ҷойгоҳи мустақил ва сазовори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣтаъмин созем. Ин неъмати бебаҳо имконият медиҳад, ки дар арсаи байналхалқӣталаботу манфиатҳои кишвар беҳтар ҳимоя карда шаванд. Кишвари соҳибистиқлол дар ҳалли масъалаҳои гуногуни байналхалқӣбештар ҳисса гузошта метавонад.

Агар ҳамаи талошу заҳматҳо ва дастовардҳои ин марҳалаи томи таърихиро ба таври воқеъбинона ҷамъбаст намоем, имрӯз метавон гуфт, ки роҳбарияти давлати Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат масъулият ва рисолати таърихии худро дар назди ватан, миллат ва таърих иҷро карда, Тоҷикистони азизи моро ба як давлати мустақил, устувор ва рушдёфта табдил додааст.

Мо тӯли ин 31 сол давраи ҳассосу мураккабтарин, яъне марҳилаи эҳё, барқарорсозӣва ҳифзи давлатдории миллии тоҷиконро бомуваффақият пушти сар намудем, ки ин дастоварди асосӣва меҳварии 31 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Акнун давраи гузариш ба анҷом расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаи эҳёву барқарорсозӣба марҳалаи рушди устувор қадам гузоштааст. Албатта дар ин марҳила низ мушкилоти ҷиддие пешорӯи мо хоҳад буд, вале бо вуҷуди ин давлати мо тамоми шароит ва имкониятро барои ҳаракат ба сӯи рушди устувор дорад. Муҳимтар аз ҳама, барои оғози чунин марҳалаи тақдирсоз ба боварӣ, эътимод, ҷасорату мардонагӣва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон такя менамоем.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои пойдорӣва таҳкими истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣва пГулчеҳраешрафту тарраққиёти кишвари азизамон меҳнати софдилонаву созанда кунем, ватандӯсту хештаншинос бошем, бо шинохти масъулияти бештару беҳтар аз пештар бояд фаъолият намоем, донишу таҷрибаамонро такмил дода, наслҳои ояндасози миллатро ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ тарбия намоем.
Истиқлоли давлатии Ватани азизамон пояндаву устувор бод!

Гулчеҳра МУРОДОВА, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ



Back to the list