KGU

ТЕРРОРИЗМ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

ТЕРРОРИЗМ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ 14.09.2022

ТЕРРОРИЗМ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Тоҷикистон аз зумраи он давлатҳоест, ки аксари аҳолияшро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон неру ва тавони бузурги созандагӣ, эҷодкорӣ ва навовариро доро буда, такиягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа маҳсуб мешаванд. Дар ҷомеаи мо ҷавононе ҳастанд, ки дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб намудаанд.

Чунон ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо кӯшиши аҳолӣ дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушду инкишофи кишвар маҳсуб мегардад. Ташаккул ва боло бурдани маърифати сиёсӣ аз масъалаҳои муҳими рӯз аст.

Ташаккули маърифати сиёсӣ моро водор месозад, ки ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва дигар манотиқи олам ба вуқуъ мепайвандад, баҳои воқеъбинона дода, мавқеи худро дар он дақиқ муайян намоем. Хушбахтона, имрӯзҳо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат устодони ботаҷриба дарсҳои сиёсиро дар байни донишҷӯён
мегузаронанд, ки он омили баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳисси баланди ватандустӣ ва бедор намудани ҳувияти миллӣ дар байни ҷавонон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда нагуфтааст: «Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Нақши онҳо дар ободиву осудагӣ ва таъмини дастовардҳои ҷумҳурӣ хело назаррас аст.»

Бояд ёдовар шуд, ки дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавононӣ лаёқатманди кишвар омадааст: “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”.

Ҳамин тариқ, ба маврид аст бигӯем, ки Ватанро дӯст доштану аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлол расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо, воқеан ҳам метавон давлати муқтадиру тавоно бунёд кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон ҷавононро ояндаи миллат медонанд. Ин моро водор месозад, то бо маърифату ҷаҳонбинии васеъ баҳри афзун намудани нуфузу эътибори миллат сайъ намоем.

Имрӯз мо насли ҷавон бояд он эътимодеро, ки Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, Президенти кишвар нисбат ба мо доранд, ҷавобгӯ бошем ва ин аз мо масъулияти баландро дар назди Ватан-модар ва ҷомеаи азизамон талаб менамояд ва моро вазифадор месозад, ки бо нерӯи созандаву бунёдкор пайи омӯзиш бошем ва дар пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши худро гузорем. Танҳо бо ин васила мо метавонем бо пуштибонӣ аз Ватану миллати хеш мақоми мамлакати худро дар байни дигар кишварҳои олам зина ба зина боло бардорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки “Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад. Зуҳуроти терроризм бо суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад”.

Ҳоло яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минҷумла, ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, афзоиши зуҳуроти номатлуби терроризм ва ифоротгароӣ мебошад. Зеро ин омилҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид, зӯроварӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва диннӣ мегарданд.

Дар айни замон дар пешорӯи инсоният як қатор масъалаҳои глобалӣ қарор доранд, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст.

Терроризм дар замони ҳозира яке аз чунин масъалаҳои хатарнок ба шумор рафта, беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Ҳаракатҳои террористӣ дар ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ доранд.

Ҳалимахон ҲАМИДОВА, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №53-и шаҳри Кӯлоб




Back to the list