KGU

ХОИНОНИ ВАТАН АЗ ҲАСУДӢ ХУДРО МЕХУРАНД...

ХОИНОНИ ВАТАН АЗ ҲАСУДӢ ХУДРО МЕХУРАНД... 13.10.2022

ХОИНОНИ ВАТАН АЗ ҲАСУДӢ ХУДРО МЕХУРАНД...

Барои ҷомеаи мутамаддин мусаллам аст, ки сулҳу салоҳ дар кишвари азизамон- Тоҷикистон, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, омили наҷотбахши миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, маҳз ҳамин таҷрибаи нодири сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун «формулаи сулҳу салоҳи тоҷикон» аз тарафи таърихшиносон, сиёсатмадорон ва олимону пажӯҳишгарони ҷаҳон омӯхта шуда, дар марҳилаи нави давлатдорӣ муаррификунандаи давлату миллати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ибратбахш аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаи миллӣ ва дастоварди бузурги халқи тоҷикро яке аз унсурҳои таркибии андешаи миллии ин миллати тамаддунсоз пазируфта, барои дигарон-кишварҳои ба фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор, дарси наҷот медонанд.

Бо мурури таърихи миллати худ ва марҳилаи нави давлатдории халқи азизам баёни ин нуктаро муҳим дониста ишора менамоям, ки маҳз бо шарофати “формулаи суҳу салоҳ” миллат ва давлати тоҷикон аз таҳдиди нобудшавӣ эмин монд. Ба андешаи яке аз намояндагони шинохтаи ҳаёти фарҳангӣ ва сиёсии Ҷумҳуроии исломии Эрон Алиасғари Шеърдӯст, ки дар китоби Муҳаммадҷон Тоштемуров ва Саидмурод Фаттоев “Шоҳроҳи сулҳофарӣ ва бунёдкории Президент Эмомалӣ Раҳмон” чунин нуктаро вохӯрдам “Дар Тоҷикистон дарёҳои хунин ҷорӣ мешуданд, аммо имрӯз бо шарофати Президент Эмомалӣ Раҳмон обҳои мусаффо ҷорианд”.

Илова бар гуфтаи боло, андешаи ғолиб ин аст, ки Пешвои миллат бо корҳои созандаи худ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, таҳиягари рукнҳои осоиши ҷомеа, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонҳои таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ба дили тоҷикистониёну тоҷикони ҷаҳон роҳ ёфтааст.

Аз ҳаводиси рӯзҳои 14-ум ва 16-уми сентябри соли 2022, ки дар хатти марз, номус ва сарҳади давлат ба вуқӯъ пайваст, яъне ҳамлаи душманона ва хиёнаткорона ҷониби Қирғизистон бо нақзи тамоми тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда, ба иншооти марзӣ, ғайринизомӣ ва хонаҳои истиқоматии мардуми Тоҷикистон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва молӣ гардид, бори дигар, барои мардуми мо чеҳраи тираву манфури хоинони Ватану миллат, симои асосии наҳзатиҳо, бахусус Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш боз рӯшантар гардид. Дар лаҳазоти барои давлату миллати тоҷик ниҳоят ҳассос ва лаҳзаи ору номус, ки фарзандони баруманди миллати тоҷик аз тамоми гушаву канори кишвар ба ҳимояи марзу бум бархоста, ҷавонони ғаюуру сипоҳи ин марзу бум барои таъмини адолат ва ба хок нишондани тири аду сина сипар карда ҷонфидоӣ намуданд, наҳзатиҳои гумроҳ, хоинони марзу бум, барои пуштибонӣ аз давлату миллат ҳарф нагуфта, балки ба ҷонибдорӣ аз тарафи муқобил ва душман бархоста, бори дигар мавқеи худро ишғол намуда, исбот намуданд, ки аз пешравии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳасудзадаанд ва дар хури худ ва кинаву буғз ва бухл ғутавар гардида сари худро мехӯранд.

Аз чунин рафтори ғайриинсонӣ ва хоинонаи нотавонбинони сулҳу озодии Ватан нафрати ҳар шаҳрванди худогоҳу ватандӯст нисбати ношукриву носипосии ин кӯрнамакон зиёд гардонид. Барои мардуми мо маълум гардид, ки саркардаи хоинони Ватан М. Кабирӣ ва дигар ташнагони ҷангу хун худро ҳомию пуштибони сарзамини аҷдодӣ вонамуд сохта, бо ташкили гурӯҳҳо, шабакаҳо, маҳфилҳо, каналҳои ҷудогона дар интернет, видеову роликҳо алайҳи манофеи давлату миллат дасиса эҷод мекунанд.

Халқи азизи тоҷик хуб медонад, ки мақсади асосии ин нотавонбинон халалдор намудани амнияту суботи кишвар, қудратталабӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мебошад. Аз ёдҳо зудуда нагардидааст, ки ин аблаҳон ва гумоштаи хориҷиён дар либоси дини мубини ислом ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ таъсис дода, дар кишвари азизамон ба садҳо амали ноҷавонмардона даст заданд. Акнун дар кишварҳои аврупоӣ «ҷомаи рангини демократия» ба бар карда, шабу рӯз пайи халалдор кардани фазои орому осоиштаи Ватани аҷдодии хеш ҳастанд. Онҳо аз ҳар даричаву равзана ба муқобили давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баромада, гоҳо аз содагиву зудбоварии баъзе аз наврасону ҷавонон ё ашхоси беирода истифода бурдан мехоҳанд.

Бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва садоқат ба марзу буми кишвар ба сӯйи нохалафон ва гумроҳону асолатбохтагон садо баланд намуда, иброз медорам, ки шумо нотавонбинон ва хоинони давлату миллати тоҷик бо ҳисси нотавонбиниву ноҷавонмардӣ нисбат ба озодиву ваҳдати сартосарии кишвар аз ҳасудӣ ва гумроҳӣ худро нобут месозед.

Дониста бошед, ки мардуми саодатманди кишвар бо дарки худшиносӣ ва садоқат дар роҳи ватандорӣ “Дар татбиқи ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ чун кӯҳ устувор аст ва хушбахтона, душмани миллати мо ба ниятҳои зишти худ нарасиданд ва намерасанд. Миллати тоҷик, сокинони Тоҷикистони азиз номи ин абармарди таърих, Пешвои муаззами мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ливои майдони муборизаву бархӯрд истифода менамоянд ва доим зафарёбанд ”.

Нозимова Ибодатхон, ассистенти кафедраи географияи сайёҳии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Back to the list