Гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва равияҳои тундгарона барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аз ҳама гуна воситаҳо, аллалхусус, аз расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва амсоли инҳо ба пуррагӣ истифода менамоянд. Ин гурӯҳҳо хуб мефаҳманд, ки ҷавонони камхираду камсавод ва зудбовару сустирода дарҷомеаи имрӯза кам нестанд ва онҳо тез ба доми фиребу найранги онҳо меафтанд, ки билохира, тадриҷан қотилу расвои назди халқ мегарданд.
Терроризм зуҳуроти мураккаб ва гуногунҷабҳаи ҳаётиҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандинасра ва хусусиятҳои равиявию даҳшатона мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Тамаддун фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои фарҳангиро заиф месозад ва ҳатто тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур, эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.
Дар охири асри XXI аз ҷониби олимон ҳаммонандии ду мафҳум “террор” ва “терроризм” муайян карда шуд, аммо дар кушодани ин ду мафҳум ба ду мафҳуми гуногуни алоҳида маънидод намудаанд, яъне:
1.“Террор”- ҳамчун системаи сиёсии тарсонидани аҳолӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳизб ё ин ки ҳукумат ва баҳри расидан ба мақсадҳои гуногун анҷом дода мешавад.
2.“Терроризм”- бошад, даҳшат, тарсидан, тарсонидани аҳолӣ бо иҷрои ҳукмҳои қатл, одамкушӣ, ки сарҳади ин мафҳумро васеътар намудааст. Имрӯзҳо гурӯҳҳо, ташкилотҳо ва ашхоси алоҳидаи мансуб ба гурӯҳи террористӣ пайваста мекушанд, ки фикру ақидаи мардумро бо идея ва ғаразҳои нопоки худ дигаргун сохта, ба ҳамин тарз ҳадафу манфиатҳои ботил ваҷоҳталабонаи худро амалӣ месозанд. Ҳар он ташфиқу тарғиботи мардумфиребонаю ғаразноке, ки таввасути расонаҳои хабарӣ аз тарафи онҳо ба роҳ монда мешаванд, боиси ба харобии мафкураи ҷавонони камсаводу сустирода мегардад.
Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амниятиҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ба воҳима ва таҳлука овардани одамон равона шуда, таввасути он ба мақомоти давлатӣ фишор оварда мешавад. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомотҳои давлатӣ барои қабули қарори ғайри ҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати давлатӣ равона карда мешавад. Имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои гуногун, азҷумла, терроризму экстермизм таҳдид карда истодааст ва аз таъсири инҳо аҳолииҷаҳон рӯҳан бемор гаштаанд. Чун имрӯз мо шоҳиди ҳол гаштаем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз хоинони миллат Кабирӣ бо ҳаммаслакони хеш тавассути хабарҳои бардурӯғу фитнаангези худ мехоҳанд мафкураиҷавонони имрӯзаи моро мағзшӯи намуда, онҳоро ба доми худ ва ҳадафҳои нопоки худ мутеъ созанд.
Мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки солҳои 1992 то 1997 барои миллати тоҷик ва сарвариҷавони он Эмомалӣ Раҳмон мушкилтарин давраҳо ба ҳисоб мерафтанд. Миллати сарбаландам, ҳушёр бошед! Сулҳофарию ваҳдатсозӣ ва истиқлолиятро пойдор нигоҳ доштан кори осон нест. Ҳеҷ гоҳ ба суханони Кабирию асолатбохтагони миллат бовар накунед. Мақсади нопоки онҳо аз ватанфурӯшию хиёнаткориашон маълум аст. Онҳо агар заррае ҳам бошад дар фикри ободию осоиштагӣ ва пойдории давлати мо тоҷикон фикр мекарданд, имрӯз пушти парда ҳарф намезаданду мутеъи хоҷагони хориҷӣ намегардиданд. Имрӯз чеҳраи аслии ин асолатбохтагон бо амалҳои нангину нанговарашон ба тамоми мардуми саёра муарифӣ гардидааст. Халқи азизам! Барои миллату давлати хеш қасру қибла насозед, танҳо ва танҳо онро дӯст доред, кӯшиш намоед пойбанду фирефтаи суханони ин хоҷагони хориҷӣ ин хоиноне, ки ҳамеша мақсади нопокашон несту нобуд кардани ному шони тоҷикон аст, нагардед. Миллати сарбаланди ман! Сарбаландии Шумо аз иродаи мустаҳкам ва зиракии сиёсии Шумо вобастагии амиқ дорад. Мутмаинем, ки ҷавонони хуштолеъи мо сиёсати созандаю бунёдкорона, фарҳангсолоронаю маорифпарваронаи сарвари давлатамонро дастгирӣ намуда, дар канори он барои ободии ин сарзамини аҷдодӣ зиракию сиёсии хешро аз даст надода, ҳамеша баҳри дар амал татбиқ гардидани он талош меварзанд.
Нигора РАСУЛОВА, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ