Терроризм, ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст. Эмомалӣ Раҳмон Дар охири қарни ХХ ва ибтидои қарни ХХl инсоният ба хатари ҷиддие мисли экстремизм ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Имрӯзҳо шакл гирифтан ва вусъат пайдо намудани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии байналмилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Анҷоми амалҳои гурӯҳҳои тундрави ифротӣ, аз ҷумла қатлу куштор ва таркиш дар аксар кишварҳои дунё фоҷеаи даҳшатбори асри ХХl маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки бо сабаби зуҳури ин таҳаввулоти номатлуби замон истиқлоли давлатҳои алоҳида зери хатар қарор мегирад ва ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра дар радифи мушкилотҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад, ки дар танҳоӣ ягон давлат онҳоро рафъ карда наметавонад. Дар пешгирӣ ва маҳкум намудани амалҳои ғайриинсонӣ, терроризму экстремизм нақш ва мақоми Тоҷикистон бузург буда, кишвари мо хостори тақвияти ҳамгироӣ бо кулли давлатҳои ҷаҳон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташакил мебошад. Терроризму ифротгароӣ дар паи ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ имрӯз танҳо харобакории кишварҳои тараққикарда ва бо қатли бераҳмонаи инсонҳост. Имрӯз баъзе аз кишварҳои осоишта ва тараққикардаи дунё зери фишор ва анҷоми амалҳои даҳшатовари террористон ба харобазор табдил ёфтаасту сокинонаш сарсону саргардон ва дар ҳолати фақр қарор доранд. Дар ҳоли имрӯз ҷанг ва қатлу куштор барои гурӯҳҳои ифротиву террористӣ даҳшатовару ғайриинсонӣ суръат мегирад, ки мақсад нест кардани таъриху тамаддуни кишварҳо, қатли бераҳмонаи инсонҳо ва ба даст овардани манфиат мебошад. Дар тамоми ҷаҳон асосан дар мамлакатҳои Шарқи наздик ҳодисаҳои нанговари экстремизми сиёсӣ, экстремизми динӣ ба назар мерасад. Терроризм ин тарсоварӣ ба миллат, тарсоварӣ ба мардум мебошад ва дар ҳамаи ҳолатҳое, ки амалҳои террористӣ рӯх медиҳанд, бо мақсади тарсонидани ҳамон миллату ҳамон мамлакат аст.
Терроризм бо ислом ягон хел мувофиқат надорад ва дар ислом ин амал сахт маҳкум карда мешавад. Ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла, аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буд, ки «Номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст». Дар пастманзари ин гуна фоҷиаҳои даҳшатвори террористӣ шахсони манфиатдору гурӯҳҳои бозхоҳ иқтисоди худро беҳтар месозанду харобазории баъзе аз кишварҳоро хоҳонанд, ки онҳо дорои таърихи қадима, захираҳои бузурги инсонӣ мебошанд. Барои мо тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихиро дар ибтидои давраи соҳибистиқлолии кишвар аз сар гузаронидаем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардидем, бояд ҳамеша нисбат ба ин амали номатлуб бетараф набошем ва насли солимро бояд ҳамеша дар рӯҳияи ватандӯсӣ дар рӯҳияи дӯст доштани миллату ватан тарбият намоем ва ба онҳо чи будани амали террористӣ, чи будани амали экстремистӣ ва оқибати ин амалро бояд ҳамарӯза фаҳмонем.
Раҷабов Афзалшоҳ, ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ