KGU

ҲАРЗАГӮИҲОИ НАВБАТИИ КАБИРАК ОИД БА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

ҲАРЗАГӮИҲОИ НАВБАТИИ КАБИРАК ОИД БА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ 24.11.2022

ҲАРЗАГӮИҲОИ НАВБАТИИ КАБИРАК ОИД БА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

Кабираки беҳуввият, ки дар Аврупо ҷинси худро иваз кардаасту паноҳандаи сиёсӣ гирифтааст, ҳоло дар бораи Иҷлосияи тақдирсози миллат ҳарф мезанад. Бадгӯӣ мекунаду гӯё ба таври худаш мардумро гул мезанад. Ин бадбӯй намедонад, ки роҳабаронаш бо сабаби доштани андешаи кӯҳна ва исломӣ кардани давлат аз уҳдаи идораи он набаромаданд ва ҳукумати конститутсионӣ ҳукуматро ба даст гирифт.

Пас аз он ки дар ҳудуди Федератсияи Россия низ созмони Кабирак мамнӯъ эътироф гардид, ӯ мисли саги думбурида даву тозашро бо хоҷагони хориҷааш зиёдтар намуда, девона шудааст.

Чеҳраи манфури Кабирак дар сатҳи ҷаҳон ба ҳамагон чун хоину иғвоангез шинос гардидааст,вале ҳамоно талош дорад,ки ба сафсатаву ҳарзагӯйҳо нисбати кишвари мо бадгӯй кунад. Маҳз дар робита ба вазъи муноқишаҳои марзӣ мисли душманони ҷоҳилтарин ҳарф мезанад. Ҳол он ки барои ҳимоягарон ва зарардидагон лаҳзаи ҳамдардӣ аст. Ин бори дигар гувоҳ аз он аст,ки Кабирак на дигар худро тоҷик мешуморад ва на дар фикри тоҷикону Тоҷикистон аст. Ӯ аз паси нафъу тиҷорату пулкор кардани худаш ба воситаи бадгӯй ва иғвоангезӣ мебошад.

Ҳоло дар сорасари олам душманони миллати тоҷик, хоинони бадкеш талош мекунанд, то мақоми кишвари моро дар арсаи байналмиллалӣ коҳиш диҳанд ва ҳамин аст, ки ҳамарӯза аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом дар шабакаҳои иҷтимоӣ ахбори бардурӯғ ба нашр расонида, талош мекунанд, то ғояи нодурустро дар мафкураи ҷавонон ворид созанд, ки ин хиёнати рӯирост бар миллат мебошад.

Дар саргаҳи ҳамаи ин хиёнатҳо душмани ашадии миллати тоҷик, хоин ва террористи бешараф Кабирак меистад, ки мақсаду маромаш пиёда намудани аҳдофи душманонаи хоҷагони хориҷияш бар миллати тоҷик мебошад.

Ин виҷдонфурӯхтагон афродеанд, ки ба хотири ба даст овардани шаурмапӯлӣ омодаанд, ҳатто зану фарзандашро ба зери пойи хоҷагони хориҷияш гузоранд. Чунки инсони виҷдонфурӯхта ва беномус ҳаргиз виҷдони солим дошта наметавонад ва ҳамеша ғуломи хоҷагони хориҷияш, ки душмани миллати тоҷик ҳастанд, боқӣ мемонад.

Сагбачаҳои гӯйё тоҷиктаборе чун Кабириву Муҳаммадиқбол ва дигарон, ки бо хоҷагони хориҷии худ дар Аврупо никоҳи ғайришаръӣ (мард ба мард) кардаву худро мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон эълон намуданд ва бо ин роҳ ҳаққи иқомати муваққатӣ дар он гӯшаи дунёро пайдо кардаанд, барои миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳеҷ зараре расонида наметавонанд. Инро бо боварии комил мегӯям ва дар гуфтаам ҳеҷ шакке нест!

Дар ҳама давру замон халқи тоҷик пойбанди қонун, итоаткунандаи роҳбар буданд ва роҳбарон бошанд, ҳамфикру ҳамақида бо халқ ва дастгиру дар бари мардум буданд.

Якбор маҳз ана ҳамин Кабириву ҳаммаслаконаш ба мардум силоҳ доданд ва оқибаташро дар солҳои 1992-1997 дидем, ки то ҳол захмаш, ки дар қалби мардум, хусусан модарон аст, шифо наёфтааст. Боз бешараф шарм накарда Украинаи аз дасти силоҳтақсимкардагон ба хун оғуштаро мисол меорад. Агар мардуми Украина бо силоҳ таъмин намешуду дар мамлакат тавассути хоҷагони хориҷии дар сари қудратбудаашон раванди низомикунонӣ суръат дода намешуд, ҳеҷ гоҳ дар Украина ҷанг сар намезад ва ин қадар ҷавонон ва инсонҳои бегуноҳ ба қатл расонида намешуданд. Лекин мо, ҷавонон ҳамеша бовар бар он дорем, ки пойдории сулҳу субот ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон тавассути баландбардории маърифати шаҳрвандӣ ва донишҳои сиёсӣ амалӣ мегардад, на силоҳтақсимкуниву низомигардонӣ!

Хуллас, то вақте, ки ҷон дар бадан дорем ҳимоят аз марзу буми Тоҷикистони биҳиштосо ва миллати тоҷдору сарбаландамон мекунем ва то он даме, ки дунё боқист ва як нафар тоҷик дар рӯйи олам аст, ӯ аз ин сарзамини муқаддас ва аз ин миллати тамаддунофар ҳимоят мекунад.

Хонаатон сухта ва ҷамъи кучакатон парешон бод, асолатбохтагон!


Back to the list