KGU

ТЕРРОРИЗМ-ТАҲДИД БА АМНИЯТ ВА СУБОТИ ҶОМЕА

ТЕРРОРИЗМ-ТАҲДИД БА АМНИЯТ ВА СУБОТИ ҶОМЕА 27.11.2022

ТЕРРОРИЗМ-ТАҲДИД БА АМНИЯТ ВА СУБОТИ ҶОМЕА

Терроризм ин падидаи номатлуби ҷомеаи навин ба шумор маравад, ки фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм ин худ ибтидои терроризм буда, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро ба худ касб мекунад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Ин ду падида дар умум чунин баҳогузорӣ мешавад, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро ҳастанд ва оқибатҳои нанговар доранд.

Коршиносон ҳангоми муайян кардани сабаб ва омилҳои таъсири падидаҳои номатлуб ба ҷомеа, навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм аз қабили, терроризми сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ ва кибернетикиро муайян намуданд. Ифротгароён бо шиорҳои динӣ баромад намуда, ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд. Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд. Аммо, ҳамаи ин ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона шуда, ҳеҷ робитаро ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсир ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа гирифтор мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол-падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро мебояд бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Терроризм чун вабои асри ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгароён рӯз ба рӯз характери фаромиллӣ ва глобалӣ ба худ касб намуда, хатари бузурге ба амнияти давлату миллатҳо оварда истодааст. Ин равандҳои номатлуб боиси ҷангу ниёзҳои мазҳабӣ, шаҳрвандӣ ва байнидавлатӣ гардида, таҳлилҳои беамоне дар муқобили истиқлолияту ваҳдати миллатҳо менамояд. Чунин муносибат, бешак, таъсири манфии худро ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра расонда, боиси бехонаву дар, Ватан, Модар, оилаву фарзанд, коштани тухми кинаву адолат байни дину мазҳабҳо аз халқу давлатҳо шудааст.

Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Амонуллозода КАРОМАТУЛЛО, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list