Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон дар сартосари мамлакат як қатор озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд.
Санаи 29-уми ноябри соли равон дар факултети физака ва математика Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври факултавии олимпиадаи фаннӣ аз фанни математика, ки ҳадаф аз баргузории он дарёфти чеҳраҳои лаёқатманду донандаи хуби фанни математика мебошад, гузаронида шуд.
Дар олимпиада номзади илмҳои педагогӣ, Ниёзов Ҷонмаҳмад, сардори Маркази технологияи иттиллоти ва комуникатсия, муаллими кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо Кулобиев Мирзо ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Олимпиада бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии донишҷӯён, омӯзиш ва рушди илмҳои риёзию табиатшиносӣ ва дақиқ маҳсуб меёбад, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ дар амалӣ намудани барномаи мазкур саҳми босазо дорад ва дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар мактабҳои илмӣ дар рушду такомули илмҳои риёзию табиатшиносӣ ҳиссагузорӣ менамояд.
Дар озмун зиёда аз 17 нафар донишҷӯ ширкат намуда, аз инҳо 3 нафар ғолибиятро ба даст оварданд.