Дар таърихи 30-юми ноябри соли равон дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши илмҳои табиатшиносӣ, даққиқ ва риёзӣ дар саноатикунонии кишвар” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, даққиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Раҳмоналӣ, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Тошматов Абдулнабӣ, муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ Сайдалиев Абдулазиз, муаллими калони кафедраи мазкур Қурбонов Диловар ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст декани факултет, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ баромад намуда, қайд карданд: “Дар ҷомеаи муосир раванди назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ ва ташвиқи наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшидан ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб намудан, ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас озмуну олимпиадаҳо доир ба фанҳои риёзи дар факултет бештар гузаронида шавад”.
Сипас, Сафарзода Суҳроб, донишҷӯи курси 4-уми факултет дар мавзуи “Нақши илмҳои табиатшиносӣ, даққиқ ва риёзӣ дар саноатикунонии кишвар”, Гулнигори Карим, донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи “Рушди илмҳои табиатшиносӣ, даққиқ ва риёзи дар заминаи устувории навовариҳо ва пешрафти илму технология”, Қурбонзода Бобоҷон, донишҷӯи курси 4-уми факултет дар мавзуи “Рушди илмҳои табиатшиносӣ” баромад намуданд.
Дар охир миёни баромадкунандагон ва иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардид.