Санаи 2 - юми декабри соли равон муовини ректори донишгоҳ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова дар конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи "Ҷанбаҳои ҳуқуқии рушди рақамии ҷомеа" («Правовые аспекты цифрового развития общества»), ки аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок намуда, дар мавзуи “Рақамикунонии системаи маориф - талаби замон” (Цифровизация системы образования - требование времени) маърӯза карданд.
Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҳамчун ниҳоди машваратӣ барои баррасии масъалаҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҷанбаҳои ҳамкориҳои парлумонӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар таҳияи санадҳои қонунгузории тавсиявӣ барои истифода дар қонунгузории миллии кишварҳои аъзо нақши созгор дорад.
Ёдрас менамоем, ки моҳи ноябр дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамзамон, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек бо Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи А.И. Гертсен ва Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Федератсияи Россия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида буданд.