KGU

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ МАЪЮБОН ДАР ДОНИШГОҲ

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ МАЪЮБОН ДАР ДОНИШГОҲ 05.12.2022

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ МАЪЮБОН ДАР ДОНИШГОҲ

Ҳамасола дар ҷаҳони муосир дар асоси Эъломияи 47/3 Созмони Милали Муттаҳид, аз соли 1992 инҷониб дар тамоми кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи он мебошад, 3 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад.

Бо ин мақсад санаи 4-уми декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии маъюбон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, ҳайати омӯзгорон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд ёдовар шуд. Ҳамзамон устод қайд доштанд, ки шахсони дорои имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша зери сарпарасти ва ҳимояи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ин қишри ҷомеа тадбирҳои мушаххасу пурбор гирифта мешавад. Шахсони дорои маъюбият дар ҷумҳурӣ аз тамоми ҳуқуқҳо бархӯрдоранд. Ҳуқуқу манфиатҳои шахсони маъюбиятдоштаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медароранд.

Дар ин рӯз аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳамчун рамзи парасториву рафоқат ба донишҷӯёни имконияташон маҳдуд дастархони идона ороста шуд. Ҳамчунин ба ҳамаи онҳо кӯмакҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ кормандони Хонаи маданияти донишгоҳ барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи худро пешкаши ҳозирин намуданд.

Мавриди зикр аст, ки волидону пайвандони шахсони имконияташон маҳдуд аз ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаланд гардида, бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву шароиту имкониятҳои мавҷуда, худ низ баҳри хушбахтиву саодати маъюбон саъю кӯшиши бештар менамоянд.


Back to the list