KGU

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ” 05.12.2022

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

Дар таърихи 5-уми декабри соли ҷорӣ дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдаки маҳфили навбатии “Маърифати молиявӣ” баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомиддин, роҳбари маҳфили номбурда Ҳаёев Қиёмиддин ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст роҳбари маҳфил Ҳаёев Қиёмиддин маҳфилро оғоз намуданд.

Сипас, Ифтихори Муродалӣ, донишҷӯи курси 3-юми факултет дар мавзуи “Агентҳои коллекторӣ ва зарурати фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зери роҳбарии ассистенти кафедраи молия ва қарз Муҳаммади Азизулло баромад намуда, зикр доштанд, ки дар аксар ташкилотҳои кредитӣ, қисми зиёди дороиҳоро ё амалиётҳоро қарзҳо ташкил медиҳад. Дар баъзе ташкилотҳои кредитӣ аз 70 то 80 фоизи активҳоро қарзҳо ташкил медиҳанд. Ин нишонаи он ҳаст, ки хавфи асосие, ки ба чунин ташкилотҳо таҳдид менамояд ин хавфи қарзи ҳаст. Барои кам намудани хавфи қарзӣ ташкилотҳои кредитӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд ва тамоми чораҳоро меандешанд то ки қарзҳои додашуда бо фоизаш бе мушкили баргарданд.

Дар охир байни донишҷӯён доир ба мавзуи мазкргардида саволу ҷавоб доир гардид.


Back to the list