KGU

ДАВРИ ФАКУЛТАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ»

ДАВРИ ФАКУЛТАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» 05.12.2022

ДАВРИ ФАКУЛТАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ»

Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

Озмун дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих доир мегардад. Санаи 5-уми декабр дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври факултавии ин озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.

Дар озмун ҷонишини декан оид ба таълими факултаи мазкур Нодиров Комил, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Ашурова Саодат ва ҳайати донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар озмун 16 нафар донишҷӯ ширкат намуда, 4 нафарашон ба даври донишгоҳӣ роҳ ёфтанд.


Back to the list