KGU

ДАРАХТИ ЗУЛМ БАҚО НАДОРАД

ДАРАХТИ ЗУЛМ БАҚО НАДОРАД 05.12.2022

ДАРАХТИ ЗУЛМ БАҚО НАДОРАД

Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар як сокини сайёра аст.


Эмомалӣ Раҳмон



Имрӯзҳо вазъи сиёсии давр кулли давлатҳои даҳрро ба ташвиш ва ҳатто ба таҳлука овардааст. Айни замон давлатҳои ҷаҳон дар роҳи мубориза бар зидди терроризму экстремизм қонуну санадҳои муштараку инфиродиро таҳия месозанд, чораҳои пешгирикунанда меандешанд. Ҷаҳд бар он доранд, ки пеши ин роҳи номатлубро гиранд ва амнияти халқияту миллатҳоро таъмин намоянд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои худро дар солҳои 90-уми асри XX ниҳода буд, нахуст аз ҳама бо сархалонии исломи сиёсии ифроти ба кори давлату давлатдорӣ (мақсади нопоки онҳо ба ҷуз соҳиби мансаб шудан чизи дигаре набуд, гӯем хато намекунем), гул задани нафарони камхираду тарбиянодида бархе аз хурду бузургсолонро тавасуди ваъдаҳои болохонадор бо ҷанги шаҳрвандӣ бурд ва Тоҷикистони озодро ба сарсонӣ расонд ва ба ҷиноятҳои терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҳатто хариду фурӯши одамон дучор намуд.

Боис ба хурсандист, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат бобати ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шомил гардида, аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ ин қабил ҷиноятҳоро сахт маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо дароварда, ба созмонҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд пайваст гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мубориза бо терроризм ва эктремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Ҳеҷ ҷои пӯшида нест, ки айни замон авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷидди ҷомеаи ҷаҳон аст.

Таърих гувоҳ аст, ки саҳифаҳои гузаштаи дуру наздики инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холи набуданд. Терористон дар ҳеҷ як давру замон манфиатҳои миллиро ба назар нагирифтаанд ва намегиранд.

Терроризм, бахусус, экстремизми диннӣ бадтарин ҷараёнест, ки мардумро, хосатан, ҷавонони камсаводу тарбияи комил надида ва аз олами сиёси бехабарро ба осонӣ ба доми ҳиллаю найранги худ афтонда, сӯистифода аз яроқ ва террор мақсад ва амалҳои ноҷавонмардонаю ифлоси хешро анҷом медиҳанд.

Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз тарафи давлатҳои абарқудрати ҷангҷӯй дастгирӣ меёбанд, кумаки пулию молӣ мегиранд ва тавассути камхирадони роҳгумкарда ба нияти нопоки худ расидан мехоҳанд.

Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон гуфта буданд: “Бубинед экстремизми динӣ дар симои “Толибон” ба чи ҷаҳолатҳо даст мезананд. Дар амалиёти онҳо экстремизм, шовинизм, иртиҷоъ ва таассуб ба ҳам омезиш ёфта, дар натиҷа баъзе халқҳо, аз ҷумла тоҷикон қатли ом мегарданд, осори таърихи ва ёдгории фарҳангии ин сарзамин ваҳшиёна аз байн бурда мешавад”.

Хуллас, ҳар ҷойе, ки қадами номубораки онҳо мерасад, он макон вайрону валангор ва мардумаш хору залил мегардад...

Мо, омӯзгорон бояд ҳарчи бештар шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ ва расидан ба қадри Ватан, хештаншиносию худогоҳии миллӣ ва омӯхтани илму дониш тарбия намуда, ҳидоятгари меҳру муҳаббат доштан ба халқияту миллати хеш бошем.

Ба мо омӯзгорон зарур аст, ки дар баробари таълим ба тарбияи ҷавонон диққати ҷиддӣ равона созем. Дар ҳақиқат тарбияи дурусту босамари ҷавонон муҳимтарин воситаи пешгирии шомилшавии онҳо ба равия, гуруҳҳо ва ҳаракатҳои номатлуби ғайридавлатӣ мебошад.

Ба қувваю ғайрати шогирдон боварии комил дорем, ки онҳо баҳри ободонию шукуфоии Тоҷикистони азизамон камар баста, мамлакати тозаистиқлоли худро ба ҷаҳониён тавассути ақлу хиради воло, дониши пешрафтаи ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ муаррифӣ карда, шуҳрати кишварамонро дучанд боло мебардоранд.

Ин аст, қарзи фарзандии ҳар як донишҷӯҷавон-омӯзгорони ояндаи худшиносу худогоҳ ва ба ору номуси Ватан.

Маҳсидинов Бахтовар, омӯзгори кафедраи методикаи таълими информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ



Back to the list