KGU

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАРКАЗИ ИЛМИИ “ҲАМОДОНИШИНОСӢ”-И ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАРКАЗИ ИЛМИИ “ҲАМОДОНИШИНОСӢ”-И ДОНИШГОҲ 09.12.2022

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАРКАЗИ ИЛМИИ “ҲАМОДОНИШИНОСӢ”-И ДОНИШГОҲ

Санаи 6-юми декабр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар заминаи Шӯрои илмӣ-методӣ ва Маркази илмии “Ҳамодонишиносӣ”-и факултет баргузор гардид.

Дар семинар декани факултет номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Содиқов Ёралӣ, директори генералии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Асозода Ҳотам, мудирони кафедраҳои тахассусии факултет ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст дотсент Абдусамадзода Эраҷ ҷаласаи ифтитоҳиро оғоз намуда, ҳозиринро шодбош гуфтанд.

Баъдан дотсент Содиқов Ёралӣ баромад намуда қайд карданд, ки бо вуҷуди сафарҳои пай дар пайи тӯлонӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боз имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад, ки то имрӯз аҳамияти бузурги таърихиро моликанд. Ӯ ба ворисони худ асарҳои зиёде боқӣ гузоштааст, ки бештари онҳо аз боби фалсафа, ахлоқ, адабиёт таъриху ҷамъиятшиносӣ, фиқҳу илоҳиёт баҳс мекунанд. Миқдори асарҳои ӯро олими шинохтаи тоҷик, файласуф Моҳирхуҷа Султонов беш аз 70 медонад. Олимаи Ҳинд Саида Ашраф Зафар дар китобаш «Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ» дар хусуси 44 асари форсӣ ва 21 рисолаи ба забони арабӣ таълиф намудаи Мир Сайид Алии Хамадонӣ мухтасаран маълумот додааст.

Сипас номзади илмҳои филологӣ Асозода Ҳотам дар мавзуи “Ҷаҳонбинӣ ва андешаҳои ҳакимонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқова Зайналбӣ дар мавзуи “Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз нигоҳи Сомеъ Одиназода” ва номзади илмҳои филологӣ Исмоилова Фарзона дар мавзуи “Ҳолати иҷтимоӣ дар осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиён ба маърӯзакунандагон саволҳо пешиҳод гардид, ки маърӯзакунандагон ба ҳамаи онҳо ҷавоб гардониданд.


Back to the list