KGU

ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ 09.12.2022

ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

Ҳамасола дар Федератсияи Россия озмуни байналмилалии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор мегардад, ки аз давлатҳои дигар низ ба ин озмун корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ворид мегардад. Имсол даври XXII-уми озмуни байналмилалии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор гардад.

Дар озмуни мазкур омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, омӯзгорони кафедраи молия ва қарз Шарипов Назрулло, Саидова Мадина, Холиқзода Аҳлиддин ва Файзиддини Зуриддин дар ин омзуни байналмилалӣ аз рӯи номинатсияи "Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ" иштирок карданд.

Дар ин озмун Шарипов Назрулло ва Саидова Мадина мақолаи худро зери унвони «Роль кредитных организаций Республики Таджикистан в обеспечении доступа населения к финансовым услугам», Холиқзода Аҳлиддин ва Файзиддини Зуриддин «Роль государственного бюджета в развитии национальной экономики» пешниҳод карданд ва бо диплому сертифакат қадрдонӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки ин озмун аз тарафи Маркази умумироссиягии коркарди корҳои илмӣ-пажуҳишӣ (Всероссийский центр научно-исследовательских разработок) гузаронида шуд.

Ҳамзамон, ассистенти кафедраи мазкур Саидов Пайрав дар конференсияи байналхалқии илмӣ-амалии илм ва технология, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида шуд, бо мақолаи илмӣ дар мавзӯи «Теоретические аспекты экономической эффективности производства на предприятия АПК» баромад намуда, бо сертифакат сарфароз гардонида шуд.


Back to the list