Дар тарихи 8-уми декабр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии Ашурова Нодира, доктори илмҳои филологӣ дар мавзуи “Ҳаёт ва эҷодиёти Аҳмади Дониш” дар гурӯҳи таълимии 402-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Дар дарс Холиқова Зайналбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷиқ, Шамшоди Ҷамшед, номзади илмҳои филологӣ, ҷонишини декан оид ба таълим, Исмоилова Фарзона, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, саромӯзгори кафедраи журналистика, Одинаева Гулбону, номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.
Нахуст дарсро муаллима Ашурова Нодира оғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс муаллима доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ин маорифпарвари тоҷик суханронӣ намуда қайд карданд: “Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826–1897) мебошад. Ӯ дар шаҳри Бухоро, дар оилаи Носир ном муллои тоҷик ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи модараш гирифта, дар мактаби қориён (ҳофизони Қуръон) низ таҳсил намудааст, вале мактаби қориёнро зуд тарк намуда, аз 14-солагӣ таҳсилро дар мадраса идома додааст. Ӯ дар мадраса ғайр аз илмҳои динӣ, дар асоси асарҳои олимони Шарқ фанҳои табииёт, риёзиёт, нуҷум, ҳайат, таърих, фалсафаи табиӣ ва адабиётро бештар мустақилона меомӯзад”.
Ҳамзамон донишҷӯён роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолият, асарҳои таълифнамудааш, се сафараш ба шаҳри Санкт Петербурги Россия маълумоти мухтасар додан. Баромадкунандагон қайд карданд, ки Аҳмади Дониш аз хурдсолӣ хатти зебо ва дар рассомиву наққошӣ истеъдоди фавқулодае доштааст. Баъди хатми мадраса ӯро бо тавсияи яке аз устодони санъаткораш ба ҳайси меъмор ва наққош ба дарбори амир ба кор гирифтанд, вале аз сабаби набудани корҳои иморатсозию бинокории ҳукуматӣ Аҳмади Дониш дар дарбор бештap бо кори китобати рисолаву девонҳо ва коғазҳои расмии дарборӣ машғул буд. Ин ба ӯ имкон дод, ки аз як тараф, ҳунари хушнависӣ ва наққошии худро боз ҳам такмил диҳад, аз тарафи дигар, аз китобхонаи ғании дарбор истифода карда, илмҳои гуногунро мустақилона боз ҳам амиқтар омӯхта, ба донишмандӣ шуҳрат пайдо намояд. Аҳмади Дониш ҳанӯз дар замони ҳукуматдории амир Насрулло аз ашхоси соҳибмаърифати аҳли дарбор маҳсуб мешуд.
Аҳмади Дониш мувофиқи супориши амирони Бухоро се дафъа ба Русия сафар намудааст. Ҳангоми ин сафарҳо бо ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва махсусан, фарҳангии Русия ба қадри имкон аз наздик шинос шуд. Ин сафарҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии ӯ ҳамчун маорифпарвар ва ислоҳотхоҳ нақши муҳиме бозидаанд”.
Дар қисмати дигари дарс донишҷӯён ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, байни ҳамдигар саволу ҷавоб гузарониданд, доир ба ҳаёту фаъолияти Аҳмади Дониш.
Инчунин ҳангоми дарс муаллима ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллима посухҳои мушаххас гардониданд.
Дар охир дотсент Холиқова Зайналбӣ суханронӣ намуда дарси муаллимаро хуб баҳогузорӣ намуданд ва таъкид карданд, ки чунин дарсҳо бояд бештар гузаронида шаванд.