Чун ба пешравиҳои кишвар назар меафканӣ тамоми вуҷудатро ифтихору сарбаландӣ фаро мегирад. Назарат ҳарҷое, ки афканда шавад онҷо ободӣ, хуррамӣ, созандагӣ, пешравӣ ва муваффақият дида мешавад. Дар вақтҳои истироҳатӣ ҳавасу хоҳиш биёяд барои роҳат кардан, ба боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва гулгаштҳои зебое, ки қариб дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо тарзи муосир сохта шудаанд, ҳамроҳи аҳлу байт ба тамошо рафта, аз зебогиву сарсабзии маконҳои болозикр дар фазои суботу оромӣ дидан хоҳӣ кард ва торҳои асаб ва баданат роҳат хоҳад дид.
Дар ҳама самту соҳаҳо бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музаффариятҳо дида мешаванд, ки ин аз бунёди мактаби устувору бонизоми давлатдории Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Метавон гуфт якчанд самту соҳаро дар поин:
Самти кор бо ҷавонон: Мо – ҷавонони Тоҷикистон аз хушбахтарин ҷавонони дунё ба ҳисоб меравем. Зеро аз аввали даврони соҳибистиқлолии мамлакат нисбат ба мо – ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд ва шуда истодааст. Бунёди донишгоҳу донишкадаҳо, мактабу марказҳои варзишӣ ва ғайраҳо бо мақсади шароит муҳайё шудан баҳри саводнок гардидану обу тоб ёфтани рӯҳу ҷисмӣ ҷавонон руи даст гирифта мешаванд. Маҳз чунин дастгириҳо мебошад, ки имрӯзҳо ҷавонони бонангу номус ва донишманду болаёқат бо истифода аз шарту шароитҳои муҳайёшуда дар мусобиқаҳои илмиву варзишӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро касб намуда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мебардоранд;
Самти кор бо занон: Имрӯз бо шарофати мустақилият занону бонувонамон сиёсатмадор, омӯзгор, иқтисодчӣ, варзишгар, ҳунарманд, дӯзанда, пазанда, кишоварз, роҳбарони ташкилоту муассиса ва шаҳру ноҳияҳо шуда, кору фаъолият доранд. Яъне, хушбахтона, зан ба давлат ёр шудаву нақши барҷастаи онҳо дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву варзишии диёр дида мешавад;
Дар бобати ҳадафҳои стратегӣ низ: Таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва саноткунонии босураъати кишвар натиҷаҳои хубу назар ноил шудем ва шуда истодаем ва ғайраҳо.
Хуб, дар ин росто суханро ба дарозо бурдан лозим намешуморам зеро ҳар он дастоварду муваффақиятҳо аз худи мо ва ба фоидаи мо ҳаст ва аксарият шоҳиди онҳо ҳастему шуда истодаем. Аммо ин набояд маънои онро дошта бошад, ки бо ҳамин кифояву худро роҳат биҳисобем.
Ва назаре андак дуртар, яъне ба саргузашти миллатамон, хусусан, дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат афканем аз манфиат берун нахоҳад буд. Чун бо наомӯхтани гузашта мо имрӯзу ояндаи худро роҳу равишашро дуруст карда наметавонем чун ин ҳақиқати кору зиндагӣ ҳаст.
Баъди фано гаштани Иттиҳоди Шуравӣ санаи 9 сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст овардем. Инак, зиёда аз се даҳсола ҳаст, ки мо – тоҷикон аз соҳибистиқлолии худ ҷашн мегирем. Чун огаҳи дорем, истиқлолият сабук ба даст омода бошад, аммо нигоҳ доштани он кори саҳлу осон набуд. Инро бештар дар хуну пусти худ солмандони мо эҳсос карданду аз ҳама хубтар медонанд. Вазъ дар мамлакат аввали солҳои соҳибистиқлолӣ нором шуд, дар натиҷа ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад.
Дар хомушсозии алангаи оташи даҳшатбори дар он шабу рӯзҳо ба миён омада, нақши муҳимро баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозид. Иҷлосияи тақдирсозе, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Хуҷанд доир шуд, дар роҳи қатъ гардидани ҷанги шаҳрвандӣ ва бақои миллати тоҷик дигаргунии куллӣ ворид намуд.
Оре, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории навро ташаккул ва тақвият дода, ба эҳёи фарҳангию таърихии халқ ва мамлакат оғоз бахшид. Бурди бузурги Иҷлосияи сарнавиштсоз дар он буд, ки вай ба майдони сиёсат Сарвареро, ки беш аз ҳазор сол интизораш будем, фарзанди шоиста ва фарзонаи халқ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард.
Қарор дар бораи ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, ҳамзамон, Сардори давлат интихоб шудани ӯ мақоми аввалиндараҷа касб намуд. Мо имрӯз бо гузашти зиёда аз сӣ сол бо боварии том гуфта метавонем, ки Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон Пешвои муқтадири сиёсиро пайдо кард, ки мамлакатро дар ҷодаи инкишоф ва демократия пеш бурда тавонист. Миллат соҳиби Пешвое гардид, ки сулҳу осудагиро дар ҷомеа таъмин карда, обрӯи Ватанро дар саросарои ҷаҳон афзун намуд.
Дар замони ҳозира бошад, дида истодаем, ки бархе аз давлатҳои бузургтару пешрафта барои пиёдасозии манфиатҳои хеш чи гуна тарзу усулҳоро истифода намебаранд то нақшаҳояшон амалӣ шаванд. Паҳн намудани бемориҳои гуногуни сироятии ба ҷони инсонҳо хатарзо, ҷанг андохтани як миллатро ба миллати дигар бо ҳар баҳона, пинҳонӣ дасти кӯмак додан ба гурӯҳҳои террористӣ ва ба ин васила ноором сохтани амнияту суботи гӯшаҳои гуногуни дунё ва ғайраҳо.
Масалан барои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вайронаҳо ва макони ҷангу хунрезӣ табдил додан, хоҷагон худашон пинҳонӣ бо хоинони миллати тоҷик гап як карда, дастгирӣ намуда, баъдан мисли саг онҳоро ба тарафи Тоҷикистон меҷаконанд.
Дар мисол: Аслан ин бори аввал ва ягон ҷои аҷибаш ҳам нест, ки аъзои гурӯҳҳои ифротии ба монанди “Гурӯҳи – 24”, ТТЭ ҲНИ ва дигарон ҳамешаву ҳамеша норозӣ будану дар ба дари созмонҳои ҷаҳонӣ бечоранолӣ кардан ва давлату миллати тоҷикро сиёҳ намудан, ба назар мерасад.
Аҷибаш дар он аст, ки ингуна созмонҳо (манзурам САҲА) роҳ мекушоянд ба якчанд гурӯҳи террористиву бадхоҳ ва раҳгумзада, ки бояд ҳатман сухане бар зидди давлату миллати хеш гуфта бошанду воқеиятҳои корро ҳамеша каҷ нишон диҳанд. Чӣ гуна? Бубинед, ки чанде пеш дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон Конфронси солонаи САҲА барпо карда шуд, ки дар рафти он якчанд фитнагару ҳиллагару зархаридгардида ба мисли Ҳусейн Ашуров, Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, Шодмон Маҳмадуллоев ва чанди дигар ҳамаслаконашон ба хотири аз “Харгалла” қафо намондан, бо истифода аз минбари ташкилшудаи ба қавле “дилсӯзона” “бологузар” шудаву сиёсати имрӯзаи Тоҷикистонро зери танқид қарор медиҳанд. Ва дар маҷмуъ бигирем агар ҳеҷ масъулияте ба ҷуз гуфтаҳои хушку холии худ надоранд. Бовар кунед, агар, ки дар Конфронси солонаи Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупову ё ягон конфросҳои созмонҳои дигари сатҳи ҷаҳонӣ бо пулу моли хоҷагон лофи ватандорӣ занед, ба ҷуз “лухтаку хоин шудан” унвони дигар насибатон нахоҳад шуд!
Чунин ҳолатҳоро дида, метавон хулоса кард, ки чунин созмонҳо барои худ номҳои дилсӯзонаи бисёр бо ҳам - ҳамаю дам – дамаи сатҳи ҷаҳониро касб кардаанд, корашон фақат дар дохили як давлати дигар фитна ангехтан ва низову бетартибиҳоро ба миён овардан будаасту халос.
Агар, ки аз дасти чунин созмонҳо кори амиқе бар меомад, имрӯз вазъи сиёсиву иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ингуна мушкил намешуд. (вазъи Афғонистону Ироқу Сурияву Украина ва ......).
Бо бардошти сабақ аз гузашта ва дар ҳолати имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро лозим аст, ки дуртар роҳи назар бояд кунем. Чун ҳодисоту воқеаҳои гузашта ва дар ин давру замон ба миён омада моро водор месозад, ки нигоҳи ҳушманду зирак дошта бошем то сулҳу субот ва сарҷамъии миллатро ҷовидона нигоҳ дорем.
Саймуминзода ФИРӮЗ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб