Сохтори идоракунии молияи давлатӣ барои Истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим дошта, вобаста ба рушди иқтисодиёт раванди ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он идома дорад. Аз ҷумла, дар давраи истиқлолият сохтори идоракунии молиявӣ дар ҷумҳурӣ такмил дода шуда, воҳидҳои сохтории хазинадорӣ, идоракунии қарзҳои давлатӣ, рушди бозори коғазҳои қимматнок, кор бо металлу сангҳои қиматбаҳо, хазинаи дороиҳои давлатӣ, мониторинги корхонаҳои азим, аудити дохилӣ ва воҳидҳои сохтории дигар таъсис дода шуда, шуъбаҳои молияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба раёсат, департамент ва минбаъд ба сарраёсату раёсатҳо табдил дода шуданд.
Роҷеъ ба ин масъала санаи 17-уми декабр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Ташаккули бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди устувори иқтисоди миллӣ” бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон аз донишгоҳҳои мухталифи кишвар баргузор гардид.
Дар конфронс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои падагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини директори Инстути иқтисодиёт ва демографияи Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаидов Аврор, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исайнов Ҳисайн, директори филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Баротзода Шарифхон, сардори шӯъбаи назорати асъори Бонки миллии Тоҷикистон Абдулқайси Саидҷаббор, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии донишгоҳ Мирсаидов Муҳаммаднаим, декани факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каҷкуллоев Абдухолиқ ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал декани факултети молиявию иқтисодӣ, дотсент Каҷкуллоев Абдухолиқ ҷаласаи ифтитоҳиро оғоз намуда, ҳозиринро шодбош гуфтанд.
Конфронсбо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Баъдан дотсент Шарофат Худойдодова суханронӣ намуда, зимни суханронии хеш қайд карданд: “Мувофиқи манбаъҳои илмӣ-таърихӣ, низоми молияи давлатӣ дар давлатдории тоҷикон таърихи тӯлонӣ дошта, дар аҳди Ҳахоманишиниёну Сосониён сохтори марказонидашудаи молиявӣ тартиб дода шудааст. Усули марказонидашудаву мураттаби мубодилоти молию пулӣ дар империяҳои ориёӣ қатъӣ риоя мешуд, ки баъдтар дар аҳди Сомониён бо диду равиши нав, бо такя ба анъаноти идории пешиниён такмил ва идома ёфт. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ сохтори молиявӣ ташкил ёфт, ки тӯли беш аз 70 сол рушду нумӯъ ва ба ташаккули сохтори нави давлатдорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат кард”.
Сипас доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мирсаидов Аврор дар мавзуи “Механизми баланд бардоштани сатҳи ҷолибияти сармоягузории хориҷӣ дар иқтисодиёти кишоварзӣ”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исайнов Ҳисайн дар мавзуи “Истифодаи самаранокии захираҳои обию энергетикӣ-самти муҳими рушди устувории иқтисодиёти миллӣ”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирсаидов Муҳаммаднаим дар мавзуи “Хусусиятҳои хатарҳои муосири амнияти молияи давлатӣ дар шароити муосир” ва сардори шӯъбаи назорати асъори Бонки миллии Тоҷикистон Абдулқайси Саидҷаббор дар мавзуи “Ташаккулёбӣ ва рушди низоми танзим ва назорати асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ ва даврони истиқлолият” маърӯзаҳои худро пешниҳоди иштирокчиён намуданд.
Зимни баромадашон маърӯзакунандагон қайд доштанд: “Бо соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ ва гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ мақсаду вазифаҳо дар ин самт тағйир ёфта, низоми идоракунии молияи давлатӣ аз рӯи сохтори нав ташаккул ва минбаъд такмил дода шуд. Ва новобаста ба мушкилиҳои пешомада, асоси ташаккули низоми молиявӣ, рушди идоракунии низоми молияи давлатӣ, ки ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, маҳз ба даврони Истиқлолияти давлатӣ, зери сарпарастии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост меояд.
Маҳз бо ҷаҳду талошҳои роҳбарияти мамлакат, бахусус баъди дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои инкишофи муносибатҳои бозорӣ заминаи зарурии ҳуқуқӣ гузошта шуда, ҳамон давра раванди ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид ва ба устувор шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии давлат мусоидат намуд.
Дар бахши музокирот директори филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Баротзода Шарифхон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зиёев Зулфиқор, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гадоев Даврон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети иқтисод ва идораи донишгоҳ Расулова Лутфия баромад намуда, фикру андешаҳои худро доир ба ин масъала баён доштанд. Ҳамзамон қайд доштанд, ки яке аз воқеаҳои хеле муҳим ва фараҳбахше, ки дар даврони истиқлолият ба вуқӯъ пайваст, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муомилот баровардани асъори нави миллӣ - сомонӣ буд, ки он ба болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар иқтисодиёти мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони иқтисодӣ, инчунин, беҳдошти ҳолати молиявии он таъсири мусбат расонида, дар самти муътадил гардонидани буҷети ҷумҳурӣ ва вазъи иқтисодиву молиявии он, беҳдошти вазъияти байналхалқиву сиёсии кишвар мусоидат намуд.
Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар ду бахш: “Самтҳои асосии рушди низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккули институтҳои молиявӣ ва беҳсозии идоракунии молияи давлатӣ” ва “Рақобатпазирии муассисаҳои молиявӣ ва нақши онҳо дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ” идома ёфт.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахшҳои конференсия 115 маърӯзаи омӯзгорон ва унвонҷӯён бобати бахшҳои гуногуни молиявии мамлакат шунида шуданд.