KGU

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПОЯГУЗОРИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПОЯГУЗОРИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО 27.12.2022

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПОЯГУЗОРИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Дар чанд соли охир дар ҷаҳон бисёре аз низомҳои экологӣ(экосистемаҳо) зери хатар қарор гирифтаанд. Мувофиқи маълумот, дар сурати наандешидани тадбирҳои фаври то соли 2030 қариб 5 миллиард одам – тахминан 67 дарсади аҳолии сайёра ба мушкили танқиси аз оби тоза мувоҷеҳ мегардад. Чунин вазъ аз ҷомеаи ҷаҳони тақозо мекунад, ки дар масъалаи таъмини об ва безараргардонии он ва ифлосшави тадбирҳои ҷидди андешанд.

Дар бартарафсозии ин мушкили фарогири олам аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои созандаи «Соли байналмилалии «Оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкори дар соҳаи об, 2013», «Об барои рушди устувор, 2018-2028» пеш гирифта шуданд, ки торафт аҳамияти бештар касб менамоянд.

Ин нуқта мусаллам аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон ҳамчун роҳбари ташаббускор эътироф шудааст. Ӯ шахсиятест, ки дар айни дарки мушкилоти кишвари худ ва ёфтани роҳи ҳалли дуруст барои онҳо, ба ояндаи башарият низ таваҷҷуҳи махсус дорад. Зеро ҳамчун роҳбари оянданигар медонад, ки ҷаҳони имрӯза ҷаҳони ҳамгироист ва ҳеҷ кишваре дар алоҳидаги наметавонад рушди босубот ва амнияти пойдор дошта бошад. Бинобар ин, дар чандин маврид мушкилотеро, ки дар оянда мумкин аст домангири минтақаи Осиёи Маркази ва умуман ҷаҳони муосир гарданд, пешбини намуда, барояшон роҳи ҳалли муносиб ба миён мегузорад.

Шояд барои тасдиқи гуфтаҳои боло овардани сухане аз як мақоми СММ дар бораи Пешвои миллати мо ва ташаббусҳои ӯ кофи бошад. 20 сентябри соли 2010 дар Ню-Йорк дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Муовини Дабири Кулли СММ Ша Тсу Кан изҳор дошт: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чемпиони ҷаҳон дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба об мебошад».

Ин баҳои як мақоми аршади ҷаҳонӣ, як мутахассиси соҳа ва гузашта аз он, баҳои холисонаи як фарди ғайритоҷик ва ғайритоҷикистонист. Воқеан, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи ҷаҳон бо ташаббусҳои оламгир ва созандааш мешиносанд ва тавассути ӯ номи Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ шуҳратёр гардидааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи 4 ташаббуси бузург дар соҳаи об аст, ки дар сатҳи ҷаҳон аз тарафи СММ амали шудаанд.

Ташаббуси нахустине, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, ҳанӯз дар солҳои соҳибистиқлолӣ, яъне октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ садо дод. Ташаббуси мазкур доир ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии «Оби тоза» хеле саривақти буд, зеро ки дар ҳазорсолаи нав мушкилоти норасоии об бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, яке аз мавзӯъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёби мегардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набзи замонро дарк намуда, бо як ташаббуси наву созандаи муҳим ва арзишманд иқдом намуд, ки бо тарафдории 148 кишвари узви ин созмони бонуфузи ҷаҳон дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ бо қабул гаштани қатъномаи дахлдор (A/RES/55/196), аз 20 декабри соли 2000 оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии «Оби тоза» пазируфта шавад.

Дар чаҳорчӯби марбут ба «Соли байналмилалии «Оби тоза» рӯзҳои 29 август – 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилали оид ба оби тоза баргузор гардид. Дар Форум қариб 500 нафар вакил аз 53 кишвари ҷаҳон ва тақрибан 100 созмони байналмилалиширкат намуданд. Зимнан, ҳар иштирокчии дуюми Форум аз минбари он суханроникард. Метавон гуфт, ки дар давоми се рӯзи кори Форум Душанбе ба як «пойтахти оби ҷаҳон» табдил ёфт. 

Дар Форуми мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи эълон кардани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» пешниҳод гардид. Ин ташаббусро иштирокчиёни Форум дастгиринамуданд. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард.

Ташаббуси дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ҳамкоридар соҳаи об низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони дастгириёфта, 20 декабри соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид тибқи қатъномае, ки дар ин асос қабул кард, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон намуд. Президенти Тоҷикистон бағоят муҳим будани ин масъаларо на танҳо ҷиҳати дастёбиба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт-2005-2015» ҳамчун омили пешбаранда таъкид намуд, балки онро барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола низ омили ҳалкунанда шуморид. Тибқи ташабусси мазкур 20-21 августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкоридар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Барои иштирок дар кори он беш аз 900 нафар меҳмонони воломақом ва мутахассисону коршиносони маъруф аз зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалиба Тоҷикистон ташриф оварданд.

21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», (солҳои 2018-2028) бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Татбиқи қатъномаи мазкур соли 2018 аз Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об – 22 март оғоз ёфт ва 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», (солҳои 2018 - 2028) ҳамчун идомаи мутассил ва мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», (солҳои 2005-2015), ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор бевосита мусоидат хоҳад намуд.

Пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомидани зиёд аст. Аммо раванди тағйирёбии иқлим имрӯз барои ҳифзи пиряхҳо монеа гардида, боиси аз меъёр зиёд об гардидани онҳо шудааст. Аз ҷумла, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи ҳаво аз шумораи зиёди пиряхҳои дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуда то имрӯз беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст. Ин дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиаз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханрони намуданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобали маънидод карданд. Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддидар пиряхҳои воқеъ дар хушкиниз ба амал омада истодаанд.

Зимнан, тибқи иттилои коршиносон пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда истодаанд. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст. Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Маркази15-20%-ро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад. Ташаббусҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли– Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳони гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи Тоҷикистонро таҳти унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”бо иттифоқи оро қабул кард. Боиси ифтихор аст, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳаммуалифии 153 кишварҳои узви СММ пазируфта шуд. Қатънома дар МУСММ қатъномаи бесобиқа ба ҳисоб рафта, ҳам Рӯзи байналмилали ва ҳам Соли байналмилалиро эълон менамояд.

Боиси тазаккур аст, ки дар асоси қатъномаи қабулгардида, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгири ёфтанд, аз ҷумла:

— Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
— Эълон шудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
— Дар назди СММ таъсис додани Фонди боэътимоди байналмилалибарои саҳмгузориба ҳифзи пиряхҳо;
— Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилали оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Қатъномаи номбурда аз аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии давраи гидрологигуфта, таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъкид мекунад. Инчунин дар қатънома омадааст, ки таъсири гармшавии ҷаҳони боиси қоҳиши густурдаи креосфера шуда, дар натиҷа устувори дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шудааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоои об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳр мусоидат карда истодааст.

Теъдоди зиёди ҳаммуалифони қатъномаи болозикр бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳони ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимоди комил дорад.

Сафаров Ҳалимшоҳ, ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ

 

 


Back to the list