Созмони милали муттаҳид санаи 14.12.2022 пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистонро роҷеъ ба эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мавриди баррасӣ қарор дод.
Хушбахтона пешниҳоди навбатии Ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ ёфт ва Қатънома қабул шуд. Бояд тазаккур дод, ки ин пешниҳоди саривақтӣ аст.
Масъала дар он аст, ки солҳои охир камшавии майдонҳои пиряхҳо обшавии онҳо бо суръат идома дорад ва оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии он боиси ташвиш мебошад.
Маҳз бо ҷидду ҷаҳди Сарвари давлат дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази омӯзиши пиряхҳо созмон дода шуд, ки роҳбарии онро донишманди тоҷик Абулҳамид Қаюмов ба уҳда дорад.
Ногуфт намонад , ки майдони умумии пиряхҳои ҷаҳон ба 16 миллион км2 мерасанд. Ба ибораи дигар масоҳати яхбандии хушкӣ 11- фоизро ташкил медиҳад. Бо дарназардошти шароити иқлимӣ ва орографӣ дар қаламрави сатҳи хушкӣ пиряхҳо нобаробар ҷойгиранд. Аз ҷумла: 99 фоизи онҳоро ба ноҳияҳои қутбӣ ва наздиқутбӣ рост меояд. Пиряхҳои кӯҳӣ ҳамагӣ 1,5 фоизи майдони пиряхҳои саҳи хушкиро ташкили медиҳад , ки онҳо асосан дар қаторкӯҳҳои Кордилерҳо, Анд, Алп, Қафқоз, Помир, Қароқурум, Ҳиндукуш, Тибет, Ҳимолой, Тиёншан ва амсоли ин воқеанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марказҳои бузурги яхбандии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар айни замон дар Ватанамон 8492 пирях мавҷуд буда, масоҳати онҳо 8,5 ҳазор км2 мерасад.
Гармшавии иқлим ба тамоми унсурҳои табиат таъсир мерасонад. Обшавии (аблятсия) пиряхҳо гувоҳи ин гуфтаҳост. Гармшавии иқлим бештар дар кишварҳои қутбӣ эҳсос мешавад. Вобаста ба ин яхҳои Арктика бошиддат об мешавад.
Тахқиқоти олимон ва коршиносон гувоҳӣ медиҳад , ки майдони яхҳо дар кӯҳҳои Тиёншон, Қафқоз. Тибет , Ҳимолой, Алп ва ѓайраҳо кам шуда истодаанд.
Чунин раванд дар ҷумҳурии мо низ ба мушоҳида мерасад. Оид ба ин масъала Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ иброз дошта буданд, ки дар садсолаи охир дар кишвари мо беш аз 1000 пиряхҳои хурд нобуд гардидаанд.
Пиряхи бузуртарини Тоҷикистон _ Федченко дар асри ХХ қариби 1-1,5 км об шудааст. Пиряхи Гармо бошад, мунтазам об шуда, ба қисмҳои ҷудогона пароканда мегардад. Аз соли 1932 то соли 2005 ин пирях то 7км кутоҳ шудааст.
Тибқи пешгӯйии коршиносон дар Тоҷикистон то миёнаҳои асри ХХ ҳаҷми оби пиряхҳо то 450 километри мукааб кам мешавад.
Ҳамин тариқ, обшавии босурати пиряхҳо яке аз фалокатҳои муҳими экологӣ маҳсуб меёбад, зеро ки Замин- хонаи умумии инсоният аст.
Шералӣ Гадоев, номзади илмҳои география, мудири кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ