KGU

ТАҲДИДҲО БА АМНИЯТИ МИНТАҚАВӢ ВА ШАКЛҲОИ ЗОҲИРШАВИИ ОНҲО

ТАҲДИДҲО БА АМНИЯТИ МИНТАҚАВӢ ВА ШАКЛҲОИ ЗОҲИРШАВИИ ОНҲО 12.01.2023

ТАҲДИДҲО БА АМНИЯТИ МИНТАҚАВӢ ВА ШАКЛҲОИ ЗОҲИРШАВИИ ОНҲО

Дар шароити муосир раванду ҳодисаҳое ташаккул ва инкишоф меёбанд, ки сатҳи гуногуни муносибатҳои байниҳамдигариро пайдо намуда, ба якдигар дар таъсири мутақобила қарор гирифтаанд. На ҳамаи раванду ҳодисаҳо ва падидаҳои олами навин хосияти мусбӣ доранд.

Низоми нави ҷаҳонӣ, ки оқибати тағйироти куллии даҳсолаҳои охир аст, натавонист зиддияту мухолифат ва муқовиматҳои байни акторҳои гуногуни муносибатҳои байналмилалиро аз байн барад. Баръакс, зиддияту мухолифатҳо боз ҳам шиддат гирифтанд ва доираи васеътари иштирокчиёну муносибатҳоро васеъ гардониданд. Принсипҳо, меъёрҳо ва арзишҳои муносибатҳои байни субъектҳо халалдор гардида, низоми қонуниятҳои рушд коҳиш ёфтанд. Ҳолати мазкури муносибатҳои байни халқҳо, давлатҳо ва зиддияту муқовиматпазирии онҳо бештар таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва коршиносони сатҳи гуногунро ба худ мекашанд.
Дар низоми таъмини амнияти минтақавӣ ҳалли масъалаҳои гуногуни байнидавлатӣ ва мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои дорои характери минтақавӣ дар мадди аввал гузошта мешавад. Тавре дар боло қайд гардид, амнияти минтақавӣ ин пеш аз ҳама ҳолати ҳимоятшавандагии сохтори конститутсионии давлатҳои алоҳидаи як минтақа, ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии онҳо, нигоҳ доштани устувории дохилӣ ва қобилияти мудофиавии онҳо мебошад. Бинобар ин, омилҳо ва шарту шароитҳое, ки дар самти мазкур монеа эҷод менамоянд, ба сифати таҳдидҳои минтақавӣ шинохта мешаванд.

Дар соҳаи амният чуқуртар фаҳмидани сабабҳои муноқишаҳои минтақавӣ барои дуруст муайян кардани таҳдид зарур шуморида мешавад. Ин таҳдидҳо дар бисёр мавридҳо ҳамбаста ва ё бо ҳамдигар вобастаанд, онҳо ба худ муаммоҳои амниятии барои давлатҳои анъанавиро ва ҳамчунин саволҳои нав ба вуҷудомадаро дар соҳаи амният дар бар мегиранд. Ба рӯйхати ин таҳдидҳо дохил мешаванд: 1) низоъҳои этникӣ, динӣ ва байни миллатҳо; 2) муҳоҷирати оммавӣ; 3) мубоҳисаҳои сарҳадӣ; 4) бадшавии экология ва ғайра.

Аксари ин муаммоҳо, агар дар тӯли тамоми таърихи башарият набошад ҳам, ба ҳар ҳол якчанд даҳсолаҳо мавҷуд буданд. Бисёре аз ин муаммоҳо имрӯз дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ пас аз парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ аҳамияти нав пайдо кардаанд.

Дар шароити муосир яке аз масъалаҳои муҳими минтақавӣ проблемаҳои экологӣ мебошад. Давлатҳои шомили як минтақа кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мушкилиҳои экологӣ ва таҳдидҳои экологиро ба воситаи чорабиниҳои гуногуни иқтисодию сиёсӣ бартараф созанд. Махсусан, истифодаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, ифлосшавии муҳити атроф ва фазои як минтақа, партовҳои гуногуни зарарнок ва ғ. ба масъалаҳо ва таҳдидҳои экологии як минтақа мисол шуда метавонанд.
Бо назардошти тағйирёбии равандҳои геополитикии замони муосир масъалаи ҷустуҷӯи механизмҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва ташаккулдиҳии системаи ҳамкориҳои минтақавӣ хеле муҳим гардидааст. Бинобар ин, айни замон яке аз роҳҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақавӣ пешгирӣ намудани низоъҳои байналхалқӣ, минтақавӣ ва дохилидавлатӣ мебошад. Барои пешгирӣ намудан ва ё аз байн бурдани низоъҳои минтақавӣ бояд вазъияти низоӣ тағйир дода шуда, мавқеи давлатҳои бо ҳам муқобил дигаргун карда шавад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ низоъҳои минтақавӣ ба сифати воситаи самараноки ҳифз ва тавсеаи манфиатҳои чӣ абарқудратҳои ҷаҳон ва чӣ сохторҳои сиёсию иқтисодии фаромиллӣ ба шумор мераванд. Гузашта аз ин, низоъҳои минтақавӣ дар шароити муосир баъзан ба сифати раванди пош додани мамлакатҳои бузурги гуногунтаркиб баромад менамоянд, ки дар чунин ҳолат раванди ҷаҳонишавӣ нақши давлати миллиро поён бурда, сиёсати дохилии он ва мавқеи институтҳои сиёсии онро коҳиш медиҳанд.

Таҳлили низоъҳои минтақавӣ имкон медиҳад, ки як қатор паёмадҳои манфии он нишон дода шаванд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудан мувофиқи мақсад мебошад: паёмадҳои манфии демографӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, геополитикӣ, иҷтимоӣ ва иҷтимоию психологӣ.

Паёмадҳои манфии демографӣ аслан дар ду шакл зоҳир мегарданд: а) дар шакли талафоти ҷонӣ; б) муҳоҷирати маҷбурии аҳолӣ. Паёмадҳои манфии иқтисодӣ бошанд дар шакли гуруснагӣ ва қашшоқӣ зоҳир мешаванд. Зеро дар натиҷаи ба амал омадани низои минтақавӣ соҳаи иқтисодиёт рӯ ба таназзул мениҳад. Инчунин низоъҳои минтақавӣ устувории мавқеи институтҳои сиёсиро вайрон намуда, нақши қонун ва меъёрҳои демократиро коҳиш медиҳанд, ки дар натиҷа поймол гардидани ҳуқуқи инсон ба мушоҳида расида, истиқлолияти сиёсӣ қисман ва ё пурра мавҷудияти худро аз даст медиҳад. Ғайр аз ин, дар натиҷаи ба амал омадани низоъҳои минтақавӣ таносуб ва тавозуни қувваҳо дар арсаи байналхалқӣ ба дигаргунии ҷиддӣ дучор гардида, муносибатҳои байналхалқӣ низ хислат ва хусусиятҳои худро тағйир медиҳанд. Вазъи ногувори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, афзоиши ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бад гардидани ахлоқи мардум паёмадҳои иҷтимоии низоъҳои минтақавӣ мебошад. Дар ниҳояти кор таҷовус ва ҳуқуқвайронкунӣ мисли рафтори одатшуда як қисми таркибии ҳаёти ҷомеаро ташкил медиҳад, ки паёмадҳои иҷтимоию психологии низоъҳои сиёсии минтақавӣ мебошанд.

Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳар як минтақа заминаҳои таърихии навъи махсуси низоъ вуҷуд дошта метавонад ва ба вуҷуд омадани он низ аз заминаҳои мазкур вобаста буда метавонанд. Ба инобат гирифтан ва бодарназардошти омилҳои мавҷуда, заминаҳои таърихии пайдоиши низоъ, ки муайянкунандаи табиати он, сарчашмаи пайдоиши он ва ошкорсозандаи стратегияи рафтори иштирокдорони низоъ мебошад, ташхис ва танзими минбаъдаи низоъҳои мушаххаси минтақавиро имконпазир мегардонанд. Бинобар ин, дар сатҳи минтақа таҳлил намудани низоъҳои иҷтимоӣ хеле зиёд диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб менамояд. Зеро низоъшиносон хуб медонанд, ки устувории сиёсӣ дар дараҷаи як минтақа ба раванди устувории сиёсии давлатҳои алоҳидаи минтақаи мазкур таъсири амиқ мерасонад.

Масалан, ба андешаи Е.И.Степанов, дар ҳар як минтақа марҳила ба марҳила масъалаҳое пайдо мегарданд, ки ҳалли онҳо омодагии махсус ва истифодаи манбаъҳои пештар захирашударо талаб менамоянд. Махсусан, дар ин раванд нақши истифодаи манбаҳои иттилоотӣ имкон медиҳад, ки моҳият ва табиати низои ба амаломада ба таври дуруст ташхис ва тасвир карда шавад. Аз ин рӯ, ҳамаи мушкилот ва масъалаҳои дар сатҳи минтақа мавҷудбуда омилҳои пайдоиши бархурдҳои мушаххаси минтақавӣ ба шумор рафта, дар нақшаи дурнамои сиёсати минтақавӣ бояд ҳаллу фасл гарданд. Ба таври умумӣ мушкилот ва масъалаҳои минтақавиро ба таври зерин нишон додан мумкин аст:

– масъалаҳои иҷтимоию демографӣ ва этникӣ (бо суръати баланд кам гардидани аҳолӣ, афзоиши намояндагони як гуруҳи этникӣ, таҳдидҳои мухталифи этникӣ ба миллати таҳҷоӣ, ба дигаргунии ҷиддӣ дучор гардидани таркиби этникӣ-миллии аҳолӣ ва ғ.);

– кам гардидани манбаҳои табиӣ, аз қабили кам гардидани канданиҳои фоиданок, манбаҳои сердаромад ва монанди инҳо.;

– вайрон гардидани механизми муносибатҳои мутақобила дар байни ҳокимияти марказӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ;

– масъалаҳои дорои характери геополитикӣ (ба вуҷуд омадани минтақаҳои низоӣ дар сарҳад, таъсири омилҳои беруна ба равандҳои сиёсии дохилӣ ва ғ.).

Ҳамин тариқ, ба амал омадани низоъҳои минтақавӣ бебаҳс аст. Асоси пайдоиши ин навъи низоъҳоро мухолифати манфиатҳои кул бо ҷузъҳои таркибии он ташкил медиҳад. Стратегияҳои давлатӣ ва мақсадҳои сиёсии давлат на ҳама вақт бо манфиатҳои ҳудудҳои маъмурии он мувофиқат менамояд. Маълум аст, ки системаи сиёсии плюралистӣ гуногунрангӣ ва гуногундеширо ба вуҷуд оварда, ихтилофоти манфиатҳои маҳаллӣ ва ҳудудҳои маъмурии давлатро ба миён меоварад. Бо дарназардошти ин гуфтан мумкин аст, ки низои минтақавӣ бархурди ошкорои субъектҳои сиёсӣ буда, дар натиҷа бархурди манфиатҳои минтақавиро ба миён меоварад. Бинобар ин, омӯзиши низои сиёсӣ ва паёмадҳои он барои таҳлил ва баррасии низоъҳои минтақавӣ аҳамиятнок мебошанд.
Низоъҳои сиёсии дар дохили мамлакат бавуқуъоянда бо масъалаи ба даст овардани афзалиятҳои сиёсӣ, ба даст овардани ҳокимият, тақсими он ба фоидаи як минтақаи муайян, бо тағйир додани мавқеи сиёсии худ алоқамандии зич дорад.
Яке аз масъалаҳои дигари ҳимояи манфиатҳои геополитикӣ ва таъмини амнияти минтақавиро мубориза бар зидди зуҳуроти мухталифи экстремизм ва терроризм ташкил медиҳад. Дар заминаи таҳлили омилҳои дар боло овардашуда, қайд кардан зарур аст, ки барои муборизаи самарабахши зидди зуҳуроти мухталифи экстремизм ва терроризм бояд тадбирҳои ҷиддие андешида шаванд, ки ба ошкор ва равшан сохтани сиёсат ва идеологияи экстремизм равона гардида, ба пешгирӣ ва бартараф намудани терроризм, ки онро қувваҳои сиёсӣ барои амалӣ гаштани мафиатҳои худ истифода мебаранд, мусоидат намоянд.

Дар солҳои охир масъалаи муборизаи зидди терроризм дар сиёсати ҷаҳон рӯзмарра гаштааст. Ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 боз як маротибаи дигар нишон доданд, ки аз таҳдиди терроризм давлати бузурге худро эмин нигоҳ дошта наметавонад. Аз ин хотир, ҳамаи давлатҳо бояд дар муборизаи зидди терроризм яко-якя фаъолият намоянд. Давлатҳои алоҳида, роҳбарони сиёсӣ ва таҳлилгарони сиёсии кишварҳои гуногун андешае қарор гирифтаанд, ки терроризм таҳдидест барои давлат ва тамоми ҷомеаи мутамаддин ва бояд тамоми воситаҳоро истифода намуда, онро решакан намудан лозим аст.
Барои бархе аз давлатҳо терроризм таҳдид ба амнияти давлатӣ, вале барои дигарон терроризм воситаи асосии стратегияи байналхалқӣ ва предмети манфиатҳои асосии онҳо ба ҳисоб меравад. Терроризм натиҷаю оқибати фаъолияти муассисаю идораҳои расмии давлатҳои сатҳи гуногун мебошад. Дар заминаи чунин муносибат амалҳои зиддитерроризм имконпазир мегарданд. Вобаста ба ин, ҷаҳолати терроризм афзун гашта, ба низоми сиёсию қаноат намекунад. Вале, бар ивази ҷазо ба он гузашт мекунад, мӯҳлати амалиётро дароз намуда, хоҳиши истифода намудани онро ба манфиатҳои худ мувофиқ мегардонад. Чи хеле, ки маълум гашт дар ин ҳолат низ манфиатҳо дар доираи амалҳои террористӣ мегарданд, ҳатто аз тарафи он касоне, ки онро ба миён овардаанд. Ин зиддиятҳои нерӯҳои сиёсӣ ва ҳокимиятдорон мебошад. Акнун масъалаи асосӣ на дар муборизаи зидди терроризм, балки дар бартараф намудани муқовимати манфиатҳо зоҳир мегардад. Аммо ин амали хеле душвор аст.

Маҷмуи принсипҳои асосии муборизаи зидди экстремизм ва терроризмро риояи санадҳои байналхалқӣ, истифодаи дурусти низом ва сиёсати давлатҳо, эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз руи адолат муносибати дутарафа намудан бо қувваҳои сиёсӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Барои пешгирӣ ва бартараф намудани экстремизм ва терроризм усулу воситаҳои ошкору ниҳониро бояд оқилона истифода намуд. Барои он ки муборизаи зидди экстремизм ва терроризм самаранок бошад, зарур аст, ки қувваҳои сиёсие, ки терроризмро ҳамчун методи амалӣ гаштани мақсадҳои худ истифода мебаранд, ошкор гарданд.

Ҳоло дар минтақаи Осиёи Миёна ба сифати созмонҳои экстремистӣ ва гурӯҳҳои террористӣ ҳизби таҳрир, ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ки дар таркиби худ гурӯҳҳои мусаллаҳ низ доранд, мансуб меёбанд. Инчунин дигар ташкилотҳои экстремистии идеологӣ ва динӣ, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки дар ҳудуди Афғонистон фаъолият менамоянд, метавонад барои амалӣ гаштани манфиатҳо ва мақсадҳои сиёсӣ ба муқобили давлати алоҳида ва минтақа ҳар гуна навъи зуроварии муташаккилонаро истифода намоянд.
Бояд махсус таъкид намуд, ки бо назардошти равандҳои тезу тунди ҷаҳонишавӣ муҳимияти омӯзиши таҳдиду хатарҳои мавҷударо дучанд менамояд ва давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маҷбур мегарданд, ки дар муқобили онҳо истодагарӣ намоянд. Хатари афзоиши таҳдидиҳои минтақавӣ дар он ифода меёбанд, ки онҳо дар аввал характери глобалӣ ва баъдан характери дохилидавлатӣ касб намуда, аввал истиқлолияти иқтисодии мамлакат ва сипас истиқлолияти сиёсии давлатро халалдор менамоянд ва пояҳои онҳоро ноустувор мегардонанд.
Қайд намудан бамаврид аст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ҳудуди ҷуғрофие мебошад, ки дар он панҷ давлат: Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҷойгир аст. Минтақаи мазкур аз чанд ҷиҳат дорои аҳамияти стратегӣ мебошад: аз рӯи мавқеи ҷойгиршавии он, мавҷудияти захираҳои бойи обӣ ва канданиҳои фоиданок. Аммо буҳронҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳои мазкур, дар атрофи минтақаҳои ноустувор ҷойгир будани қисме аз ҳудудҳои ин минтақа, дар амал татбиқ гардидани лоиҳаҳои гуногуни фарҳангию иқтисодӣ ва сиёсию иҷтимоие, ки аз ҷониби давлатҳои дигар роҳандозӣ мегарданд, дар минтақаи мазкур як қатор хавфу хатарҳоро эҷод менамоянд, ки дар ниҳояти кор онҳо ба амнияти миллии давлатҳои минтақа бевосита таҳдид менамоянд.

Муродова Гулчеҳра, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент
Каримов Д, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ


Back to the list