Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ иброз намудаанд, ки «Диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстермизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».
Пешвои миллат, ҳамчунин таъкид намудаанд, ки «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд».
Бояд қайд кард, ки пеш аз ҳама бо мақсади бархурдор шудан аз ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ мо худ бояд аз қонунҳои амалкунанда хусусан аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстермизм бархурдор бошем.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстермизм аз 2 январи соли 2020, № 1665 қабул карда шуда, аз 6 боб ва 30 модда иборат мебошад.
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
Пеш аз он, ки мо масъалаи доғи рӯзро баррасӣ намоем, бояд мафҳум ва маъноҳои истилоҳи як қатор вожаҳоро фаҳмем:
Дар моддаи 1 Қонуни мазкур мафҳуми экстремизм чунин омадааст:
Экстремизм: - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки «Экстремизм» аз калимаи франсузии «extremizme» гирифта шуда, маънояш «тундравӣ», «фикру андешаҳои тундравона» ва маънои дигараш аз ҳад гузаштан аст.
Дар моддаи 1-и Қонун боз мафҳуми асосии фаъолияти эустремистӣ, -маблағгузории экстремизм, -ташкилоти экстремистӣ; -маводи экстремистӣ, ҳуҷҷат, -муқовимат ба экстремизм, -ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта низ дарҷ гардидааст.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравияву тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Қобили қайд аст, ки «экстремизм» ва «терроризм» ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба терроризм бошад, аз 23 декабри соли 2021, № 1808 қабул карда шуда, аз 12 боб ва 46 модда иборат мебошад.
Қонуни мазкур принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Дар моддаи 1 Қонуни мазкур мафҳуми терроризм чунин омадааст: “Терроризм – мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад”.
Калимаи «терроризм» аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънояш «тарсу ҳарос ваҳм ва даҳшатафканӣ» мебошад.
Дар моддаи 1-и Қонун боз мафҳуми асосии амали террористӣ; - амалиёти зиддитерористӣ; –гурӯҳи террористӣ; –гаравгон; – муқовимат ба терроризм; –мубориза ба терроризм; – минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ; – терроризми байналмилалӣ; – ташкилоти террористӣ; – фаъолияти террористӣ; –фаъолияти террористии байналмилалӣ; - ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ низ дарҷ гардидааст.
Ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 179 иловаи 1,179 иловаи 2, 179 иловаи 3,181,182,184 иловаи 1,184 иловаи 2, 184 иловаи 3, 184 иловаи 4, 185,193,194,194 иловаи 1, 194 иловаи 2, 194 иловаи 3, 194 иловаи 4, 194 иловаи 5, 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Айни замон дар дунё зиёда аз 200 мафҳуми терроризм мавҷуд мебошад, ки аз ҷониби ҳар як олимон ва терологҳо мафҳуми ягонаи терроризм вуҷуд надорад. Аз ҷумла, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин ҳолат ба мушоҳида мерасад (мисол; фарқияти мафҳуми “Терроризм” дар моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм ифода мегардад).
Дар моддаи 179 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, мафҳуми терроризм бо чунин мазмун дарҷ шудааст.
Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсири ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо. Соли 2002 дар Дубровкаи шаҳри Москва 960 нафар гарав гирифта шуда буд. Набояд фаромӯш кард, ки истилоҳоти «террор» ва «терроризм» нахустин маротиба дар Инқилоби кабири Фаронса солҳои 1793-1797 ба вуҷуд омадааст.
Аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ, терроризм ба чунин гурӯҳҳо тақсим шудааст, аммо ин ягона тақсимбандӣ нест:
1. Терроризми давлатӣ;
2. Терроризми фаромиллӣ;
3. Терроризми маҳалӣ;
4. Терроризми фардӣ.
Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, (ядроӣ) кимиёвию биологӣ тақсим намудаанд. Барои ба ҳадафҳои сиёсиашон расидан, ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсиррасонида, шаҳрвандони гуногунро, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, ғоратгарӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ намоянд. Экстремистон ва террористон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро бештар ҷалб намоянд, зеро ин қишри ҷомеа зудбоваранду ба осонӣ ҷалб мегарданд.
Терроризм ин фаъолияти мақсадноку густурдаи даставу гурӯҳҳои террористӣ буда, ҳадафашон барои тағийр додани форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ, халалдор сохтани идеологияи давлатӣ, тағйирот дохил намудан дар сохтори давлатдорӣ ва сохтори сиёсии ҳукумат, тахриби марзу ҳудуд, зарба задан ба мавҷудият ва бақои давлатдорӣ аст, ки онро бо амалҳои террористӣ ҷомаи амал мепӯшонанд.
Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ душмани рақами як пайдо шуд. Он басо хавфнок, нерӯманд ва басо бераҳм аст. Номи он терроризми байналмиллалӣ мебошад. То вақте ки он мағлуб нагардад, ягон нафар худро бехатар эҳсос нахоҳад кард. Хавфу хатарҳое, ки имрӯз аз терроризм ва экстремизми байналмиллалӣ бармеоянд, на танҳо ба амнияти давлатҳои алоҳидаи рӯ ба тараққӣ таҳдид менамояд, балки боиси аз байн бурдани давлатҳои бузург ва абарқудрати дунё шуда метавонанд.
Терроризми байналмиллалӣ – терроризме, ки амалҳои он дар ҳудуди бештар аз як давлат содир шудаанд, аммо тайёрӣ, банақшагирӣ, роҳбарӣ ё назорати онҳо асосан дар давлати дигар сурат гирифтаанд, бо иштироки гурӯҳи террористӣ ё ташкилоти террористӣ, ки фаъолияти ҷиноятиро дар ҳудуди на камтар аз як давлат амалӣ мегардонад, содир шудаанд, амалҳои дар як давлат содир шуда, оқибатҳои ҷиддии онҳо дар давлати дигар низ ба вуқуъ омадааанд.
Фаъолияти террористии байналмиллалӣ – фаъолияти террористие, ки аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористӣ дар ҳудуди зиёда аз як давлат амалӣ гардонида мешавад, ё ба манфиатҳои зиёда аз як давлат зарар мерасонад, аз ҷониби шаҳрвандони як давлат нисбати шаҳрвандони давлати дигар ё ҳудуди давлати дигар содир мегардад, берун аз ҳудуди давлатҳое содир шудааст, ки ҳам террорист ва ҳам ҷабрдидаи терроризм шаҳрвандони ин давлатҳо мебошанд.
Ташкилотҳои экстремистӣ ва терррористӣ барои рӯйпуш намудани кирдорҳои ҷинояткорона ва ҳадафҳои сиёсии ҳуд аз қоидаи дини мубини Ислом истифода бурда, номи неки онро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бадном ва амволи онҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, ҳамчун чораи зарӯрӣ ва «ҷиҳод» дар роҳи ҳақ арзёбӣ менамоянд.
Имрӯзҳо пӯшида нест, ки зери ниқоби мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ давлатҳои алоҳидаи абарқудрат, манфиатҳои геополитикии хешро ҳифз менамояд ва ё зери парда аз ин гуна таҳаввулоти номатлуб пуштибонӣ намуда, онҳоро ҳамчун ҷунбишҳои мардумӣ ва озодихоҳ муаррифӣ менамоянд.
Аз ин лиҳоз, вобаста ба муташаниҷ шудан ва ё муътадил гардидани муносибатҳои байни давлатҳои абарқудрати дунё, сатҳи ҷиноятҳои характери террористӣ ва экстремистидошта дар манотиқи гуногуни дунё ангезиш меёбанд ва ё баръакс.
Ҳоло терроризмро «Вабои асри ХХ1» меноманд ва ин маризӣ бо неруи тахрибкоронааш дунёро раҳо карданӣ нест. Аз рӯйи омор дар ду рӯз як ҳамлаи террористӣ ба амал меояд ва одамони зиёди бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд. Терроризм сол то сол бемайлон афзоиш меёбад. Хушунат, разилӣ ва бераҳмӣ зиёд гардида, дар натиҷа қурбонии зиёдро ба бор меорад. Омодагӣ ва муташаккилии террористон низ боло мегирад. Ҳар як ҳамлаи террористӣ нисбат ба пешинааш даҳшатовар мегардад. Ҳоло дар ҷаҳон дигар террористонро ба хубу бад ҷудо намекунанд ва кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки аз ин шарру бадӣ раҳои ёбанд. Баҳс сар он аст, ки гуё Исломи ноб дини террористон бошад ва ҳар як мусулмон шаҳидро намояндагӣ дорад. Ин ақида бепоя ва билкул ғалат аст. Бинед, ки миллионҳо мусулмонони сайёра террористонро, ки даҳшат меафкананд, маҳкум менамоянд ва дар ин ақида устуворанд. Пирӯзӣ бар терроризм дар сайёра дар сурате муяссар мегардад, ки ҳамаи одамонро қарзҳо ва уҳдаҳоро фаромӯш намоянд. Мубориза набояд бо пайдоиши ин падида оғоз гардад, балки сабабҳои пайдоиши онро решкан намуд. Бояд дар хотир дошт, ки маъвои терроризм дар вокуниши ҷомеа нуҳуфтааст. Моҳият ва дарку шинохти имрӯзаи вожаи «терроризм» аз замони Инқилоби бузурги Фаронса бар меояд, ки инқилобиён дар қиболаш сиёсати тарсу ваҳмро алайҳи мухолифону душманонашон истифода мекарданд. Терроризм ин зуроварӣ ва таҷовуси сиёсӣ аст, ки расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ нигаронида шудааст. Терроризм ин қатлу куштори мақсаднокии муттасилии одамони бегуноҳ ба хотири расидан ба мақсадҳои сиёсӣ нигаронида шудааст. Терроризм зуроварӣ ва таҷовуз аст, ки онро созмонҳо гурӯҳҳои ғайриҳукуматии камшумор, пинҳонкор дар маҳалҳои осебпазир ба хотири безобитасозии мардум ва дигаргуниҳои сиёсӣ роҳандозӣ мекунанд.
Созмондиҳандагони (тавлидкунанда ва маблағгузарон) аксари ташкилотҳои дар боло зикршуда, давлатҳои алоҳидаи соҳибихтиёр мебошанд.
Масалан, аксарияти аъзоёни ҷараёни экстремистии Салафия хатмкардагони мадрасаҳои Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошанд. Қароргоҳи марказии равияи экстремистии Салафия дар шаҳри Лондони Британияи Кабир ҷойгир мебошад.
Аъзоёни ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ бошад, аз идеологияи шиаи аҳли ташаюъ дар қароргоҳҳои диверсионии шаҳри Қум, Мозандарон, Шаҳрисабз, Ироқ мебошанд, ки ин далелҳо шаҳодати гуфтаҳои боло мебошанд.
Дар фарҷом қайд карданӣ ҳастем, ки мову шуморо зарур аст дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм зиракӣ, ҳушёрӣ, далерӣ, чусту чолокӣ, шуҷоатмандӣ ва аз ҳама муҳим – сипоҳиро аз даст надиҳем.
Исуф ФАРХУДДИНОВ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ