Имрӯз яке аз проблемаҳои мубрам барои тамоми инсоният терроризми байналмилалӣ гашта мондааст. Ин шоха ҳаракатҳои мазҳабию ҷараёнию фирқавӣ ва дар маҷмӯъ иртиҷоъпарастиродар худ фаро мегирад. Дар натиҷа зарурати на танҳо муташаккилона муқовимат ба рушди ифротгароии мазҳабӣ, балки бошуурона дарку фаҳми мафҳум, пай-доиш ва пешгирии он дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалӣ ба вуҷуд омадааст. Гуноггуномилии ин падидаи манфӣ яке аз хавфу хатарҳои замони муосир гаштааст.
Дар Тоҷикистон, ки дар марҳилаи муосир рушду шукуфоӣ дорад, гурӯҳу ит-тиҳодияҳои гуногуни динию мазҳабӣ метавонанд ба амнияти давлат таҳдид кунанд,зеро дар ҳамҷавории кишваре қарор дорем, ки 40 сол бознизоъу муноқишаҳои динӣ, қавмӣ ва нажодӣ хатм нгамешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" дар соли 2009 қабул шуда, амал мекунад, ки моддаи 4 (қисми 7-8)-и он манъ кардани фаъолияти иттиҳодияҳои диниро дар сурати вайрон кардани амни-яти ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ва доғдор намудани маънавиёту ахлоқ, ба-рангехтани низоъҳои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ е динӣ пешбинӣ кардааст. Нақши муҳим-ро дар ин росто татбиқи қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» (аз 8.12. 2003) мебозад.
Қонуни ҶТ аз 812.2003 №12 «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» номгӯи фаъолиятҳои мамнуъро фаро гирифтааст:
- зӯран тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани бутнию яго-нагии ҶТ;
- таҳдид ба амнияти ҶТ;
- забт ва ё тасарруфи рукнҳои ҳокимият;
- ташкили ғайриқонунии гурӯҳҳои мусаллаҳ;
- амалӣ намудани фаъолияти террористӣ;
- барангехтани низоъҳои нажодӣ, миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ;
- паст задани шаъну эътибори миллӣ;
- амалӣ намудани амалҳои авбошона, ки метавонанд асосҳои маънавӣ, сиёсӣ, миллӣ, нажодӣ ва ё диниро нисбати ягон гурӯҳ ба бор оранд;
- тарғиби бартарият ва афзалиятнокиҳо нисбати шаҳрвандони дигар дар заминаҳои динӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мансубияти забонӣ;
- даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани ин фаъолият е анҷом додани амалҳои зикр-шуда;
- анҷом додани амалҳои зикршуда бо роҳи пешниҳод барои амалӣ кардани фаъоли-ятҳо тавассути таълим, матбаа ва пойгоҳҳои моддию техникӣ, робитаҳои интихборотӣ.
Омӯзиши ин муқаррарот имконият медиҳад таъйид намоем, ки иртиҷоъпарастӣ (экс-тремизм) - ин халалдор намудани меъёрҳои мавҷуди ҷомеа буда, усулҳои таҳамулпазири-ро тавассути маҷмӯи зуҳуроти хушунатбору зӯроварӣ доғдор менамоянд.
Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» фаъолиятҳои иртиҷоъпарастиро мукаммалан ташреҳу тавзеҳ додааст. Ифтротгароӣ ин ҷо аз ҳарсафканӣ (терроризм) дар тафовут шарҳ дода шудааст: «зӯран тағйир додани сохтори конститутси-онӣ ва вайрон кардани ягонагию бутунияти Тоҷикистон». Айён аст, ки қонуни мазкур бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ коркард ва қабул гаштааст. Дар айни замон, баъзе масъалаҳои ҳуқуқӣ ва истилоҳотӣ бояд мушаххастар карда шаванд.
Имрӯз ифротгароӣ ва иртиҷоъпарастӣ воқеан ҳам ба амнияти миллӣ метавонанд таҳдид кунанд ва зикр кардан ба маврид аст, ки қонун бояд дар масъалаҳои муҷозоту масъулият ва ҷавобгарӣ барои амалҳои ифротгароёна, иртиҷоъпарастона ва ҳаросафкано-на шадидтар амалӣ гардонида шавад.
То имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон расман фаъолияти чунин ташкилотҳои ҳаросафкан, ифротгаро ва иртиҷопараст манъ карда шудаанд: “Ҳизби наҳзати ислом” "Ал-Қоида", "Ҳаракати исломии «Ӯзбекистон», "Ҷамоати Таблиғ", "Толибон", "Тоҷикистони озод", "Ҳизб-ут-Таҳрир", ҳаракати "Салафия", ҳамчунин созмони "Шоҳидони Яҳё".
Бо назардошти ин ба сифати шартҳои асосии паҳншавии иртиҷоъпарастӣ рахна кардани шуурнокии баъзе ҷавонон, бесаводию камсаводии динӣ, ноогоҳ ва бехабар будан аз усул ва рукнҳои асосии мазҳаби ҳанафия ва чанде дигар мебошанд. Мо ва рукнҳои алоҳидаи давлатро ба мақсад мувофиқа аст, ки зимни татбиқи омӯзишу парвариши насли наврас маърифати ҳуқуқию шаҳрвандиро таҳкиму тақвият диҳем.
Дар баробари ин набояд фаромӯш кард, ки дар бораи зарурати баланд бардоштани самаранокии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои ифротгароёна чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Ба назар чунин мерасад, ки пеш аз ҳама дар самти фаъолияти онҳо афзалияти ташкили чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шуда, амалиётҳои пешгирии зуҳуроту падидаҳои манфӣ пурзӯртар карда шаванд, то ин ки чунин амалҳои номатлуб замони пайдоиши ибтидоиашон маҳв карда шаванд.
Танҳо ҳамоҳангии фаъолияти тамоми қишрҳои ҷомеа дар маҷмӯъ бо ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ метавонад дар ин кор самраҳои хубтар ба бор орад. Дар ин маврид омӯзишу шиносоии наврасону ҷавонон бо чунин адабиёт тавсия дода мешавад: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"//Ахбори Маҷли-си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. -2009. №3; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм" аз 8.12.2003//Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷики-стон. – 2003,№12.
Ҷумъахон АЛИМӢ, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ