Абдулқайси Саидҷаббор, сардори шуъбаи назорати асъори Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамзамон унвонҷӯи кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо Қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.с.2021, №4/20 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони “ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР” ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои худ 500 нусха нашр карда, ройгон ба макотиби олӣ ва донишҷӯёну муҳаққиқон тақсим кард.
Дар китоби мазкур маҷмуи масъалаҳои танзим ва назорати асъор дар шакли назариявию амалӣ баррасӣ шудаанд. Асосҳои муносибатҳои асъорӣ, шакл ва намудҳои муосири он дарҷ гардида, тартибу қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзиму назорати онҳо васеъ баррасӣ шудаанд. Масъалаҳои нисбатан муҳими сиёсати асъорӣ ва танзиму назорати асъор қайд гардида, тартибу қоидаҳои истифодаи асъори хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат шарҳу тавзеҳ дода шудаанд. Китоб барои донишҷӯёну омӯзгорони тахассусҳои иқтисодӣ, бонкдорон ва иқтисодшиносон тавсия дода мешавад.
Ҳоло дар мавзӯи “Тағйирёбии ниҳодии бозори асъор ва проблемаҳои ниҳодҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” рисолаи номзадӣ навишта истодааст. Оид ба мавзуи мазкур 8 мақолаи тақризшавада ва 15 мақолаи сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ навиштааст.
Зиёда аз 5 сол дар кафедраи молия ва қарзи ДДК ҳамчун омӯзгор - ҳамкор ба донишҷӯён дарс додааст.
Ӯ аз оли нависандаи чирадаст Сайид Раҳмон буда, як бачаи ояндадори ин миллат аст. Ин хизматҳоро ба инобат гирифта, имрӯз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ карданд.
Абдулқайси Саидҷабборро барои расидан ба ин комёбӣ муборакбод гуфта, тани сиҳат ва зеҳни бурро барояшон таманно дорам.