KGU

“НАҲЗАТ” Ё “НАҲ ЗАД”?

“НАҲЗАТ” Ё “НАҲ ЗАД”? 17.01.2023

“НАҲЗАТ” Ё “НАҲ ЗАД”?

Дар даврае вақте сухан аз хиёнати наҳзатиён рафт, мӯйсафеде пурсид:
-Чаро Кабирӣ ва атрофиёни ӯ фақат мардумро наҳ мезананду нисбат ба давлату миллат бадгӯӣ мекунанд?
-Ба фикрам онҳо маънои “наҳзат”-ро чун “наҳ зад”- наҳ задан* фаҳмидаанд, ин аст, ки наҳ зада мегарданд, - гуфт мӯйсафеди дигар.
-Наҳзат чӣ маъно дорад? -пурсидам бо кунҷковӣ.
-Маънои наҳзат, гуфт, - ҳаракат кардан, кӯчидан аст писарам, на наҳ задан.
Мӯйсафеди дигар ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда, бо ханда гуфт:
-Ин тавр бошад, миссияаш иҷро шудааст ку. Нахуст ҳаракат кард, баъдан аз Тоҷикистон кўч баст. Акнун наҳ зада мегардад.
*паст задан, бадгӯӣ кардан

Холиқназар Ҷумаев, рӯзноманигор ва нависанда


Back to the list