KGU

УСТОДИ АЗИЗ, МАВЛУД МУБОРАК!

УСТОДИ АЗИЗ, МАВЛУД МУБОРАК! 23.01.2023

УСТОДИ АЗИЗ, МАВЛУД МУБОРАК!

Ба тасвиб расидани як силсила фармонҳои Ҳукумати мамлакат ва дастурҳои Президенти Ҷумхурии Точикистон, консепсияҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа баробари занону мардон фаъолият намудан иқдоми наҷибе мебошад.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то ба имрӯз бо занони маорифпарвару хушахлоқу соҳибфарҳанге ба монанди Изатова М.И., Рахимова С.Р, Файзуллоева Ф.М, Худойдодова Ш.З, Табарова З, Самаридинова З, Набиева С, Ризоева Р, Шарипова О.П, Салихова Л.Н, Мирзоева Б., Ҳалимова М.Р, Даминова А.И. Назарова Р.Т, Шерова М. ва даҳҳо дигарон ифтихор дорад.

Қиссаи ман имрӯз дар бораи зане хаст, ки айни замон бо ӯ дар як кафедра фаъолият дорам. Ин муаллимаи гиромӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Давлатова Ниёзбӣ Ҳабибулоевна мебошад, ки аз шоистагиҳои ин зани нексиришт, ба қавле ҳамчун «қатрае аз баҳр» сатрҳои пур аз меҳру самимияти худро дар шодрӯзи мавлудашон иброз намоям.

Соли 2015 буд, вориди кафедраи педагогика шудам, дар он ҷо ду зани зебои нуронӣ нишаста буданд, яке муаллима Набиева Савлатбӣ ва дигаре Давлатова Ниёзбӣ, ки он замон мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ буданд. Муаллима бо як муҳаббату самимият, бо суханҳои ширадоре бо лаҳни тоҷикӣ ва модарона маро ба утоқ даъват намуданд.

Маҳз одобу шевои сухангӯии ин зани донишманд, завқи маро ба дунёи пур аз шавқу шури касби омӯзгорӣ зиёдтар намуд.

Аз он рӯз то инҷониб дар донишгоҳ фаъолият намуданам устод Давлатова Н.Ҳ. бароям дар ин ҷодаи душвор, дар ин як мактаби пур аз шебу фарозҳо, пур аз таззодҳо, воситаи асосии фаъолияти омӯзгориам дар муассисаи олӣ мебошанд.

Шахсияти ин зани ҳалиму меҳрубон, омӯзгори беминнат, дар ҳар лаҳзаву соат ба муаррифӣ ниёз надорад, чунки ӯ аз маҳбубияти коллективу омӯзгорону донишҷӯён бархӯрдор асту ҳамагон мешиносанду ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоранд.

Устод Давлатова Н.Ҳ. умре аз касби омӯзгорӣ нони ҳалол ёфтаву соҳибмартаба гардидааст, дар ҳалқаи шогирдон ва аъзои кафедра «нигини ангуштарин» - ро мемонанд.

Табиист, ки дар доираи як матлаб наметавон тамоми паҳлуҳои зиндагии ибратомӯзии устоди соҳибхираду донишгустурдаро бозгӯйӣ кард. Аммо вижагиҳои рафтору пайкор моро водор месозад, ки ҳамкори содиқ, шогирди арзанда, масъулиятшиносу поквиҷдон, ба монанди ӯ соҳиби мақому манзалати хос ва маҳбубу муътабар шавем.

Хуш ба холи устод Давлатова Ниёзбӣ, ки бо меҳри модарона, ҳифзи обрӯи хонавода ва баланд бардоштани манзалати хонадон, дастгирию ҳидояти фарзандонро шараф ва номус шумурда, қалби саршор аз муҳаббаташ ҳамеша барои осоиштагии кишвар ва пояндагиву устувории давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли Тоҷикистон, рушду нумӯи маорифу фарҳанги кишвар дар тапиш аст.

Устод, модари азизро имрӯз мавлуди зебои умрашон ҳаст, аз самими қалб табрику таҳният гуфта, барояшон тани сиҳат, тамоми хушиҳои зиндагӣ, сарбаландӣ ва некномии ҷовидони таманно менамоям.

Ман ва ҳамаи аъзоёни кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ Шуморо дӯст медорем ва ҳамеша дуогӯи Шумо ҳастем!

РАВЗАНАИ ОШНОӢ

Ниёзбӣ Давлатова, номзади илмҳои педагогика, аълочии маорифи Тоҷикистон, хатмкардаи шуъбаи педагогика ва психологияи факултаи педагогии Институти давлатии педагогии Кӯлоб мебошад. Дар вазифаҳои муаллими калони кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ ва ҳамзамон унвонҷӯи Академияи Таҳсилоти рушди маорифи Тоҷикистон, мудири шуъбаи аспирантура ва мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб фаъолият намудааст. Дар мавзуи «Асосҳои иҷтимоӣ-педагогии ташаккули синфҳои ахлоқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 1 рисолаи илмӣ, 2 дастури методӣ ва 10 мақолаи илмӣ буда, бо нишони "Аълочии маорифи Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.


Back to the list