KGU

ТЕРРОРИЗМ - ХАТАРИ БУЗУРГ

ТЕРРОРИЗМ - ХАТАРИ БУЗУРГ 26.01.2023

ТЕРРОРИЗМ - ХАТАРИ БУЗУРГ

Инсоният дар оғози қарни нав ба марҳилаи ҷаҳонишавӣ, ки омили муҳими қаробати беш аз пеши кишварҳо ва халқҳои сайёра, рушди илму техника ва технологияи муосир мебошад, ворид гардидааст. Дар баробари ин раванди ҷаҳонишавӣ ва пайдоиши таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккил, кӯч бастани садҳо ҳазор шаҳрвандони давлатҳои ҷангзада ба дигар кишварҳо ва дар ин замина мураккаб гардидани вазъи ҷаҳон мусоидат намудааст.
Масъалаи пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, миллат аз ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бо нангу номуси миллат тақозо менамояд, ки бо дарки баланди масъулятшиносӣ маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, сатҳи баланди донишу малакаи коршиносӣ ва зиракии сиёсӣ барои ҳифзи марзу буми ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид ба дини Ислом нисбат додани терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, ҳамзамон доир ба оқибати нодида гирифтани хатари он суханронӣ кардаанд. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Сарвари муаззами кишвар китоби «Қуръони маҷид» бо забони тоҷикӣ тарҷума ва бо хатти кириллӣ рӯи чоп баромада, дастраси шаҳрвандони мамлакат гашт. Инчунин дар давраи истиқлолият афзудани теъдоди масҷид, шумораи ҳоҷиён, шаҳодати фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои фаризаҳои динӣ дар кишвар мебошад. Бо вуҷуди ин баъзе афроди беору беномус ва ношукр ба қадри сулҳу ваҳдат намерасанд ва бо мақсади гумроҳ намудани ҷавонон ба ноором кардани вазъи кишварамон даст мезананд.
Дар бисёр ҳолат шаҳрвандони мо барои ёфтани посух ба суолҳои норавшани динӣ ба рӯҳониёни алоҳида ва шабакаҳои интернет рӯй оварда, ба доми таблиғотчиёни созмонҳои экстремистӣ меафтанд. Ин муболиғон муқаррароти Қуръони маҷид, ҳадис ва дигар сарчашмаҳои дини мубини Исломро ғаразмандона таъриф намуда, муроҷиаткунандагонро ба беэҳтиромӣ нисбат ба қонунҳои дунявӣ ва иштирок ба «ҷиҳод» даъват менамоянд.
Имрӯзҳо терроризм бештар тобиши динӣ касб намудааст. Террористон, мутаассифона, тибқи паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамоянд. Бино ба таҳлили дақиқ ва оморгирӣ, соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро мутаассибони динӣ ташкил медоданд. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм– терроризми динӣ ба шумор меравад.
Хусусияти дигари терроризми байналмилалии Шарқ ба марзҳои миллӣ, минтақавӣ, ба нажод ва қавм аҳамият надодани он аст. Ин гурӯҳҳои террористӣ барои амалӣ намудани аҳдофи нопок ва ғаразнок доштаашон аз ҳеҷ чиз сар наметобанд ва ба ном «ҷиҳод» гуфта, ба несту нобуд сохтани иншооти қадимаю аҳамияти таърихидошта, ки аз нигоҳи аблаҳонаи онҳо вуҷуд доштани чунин иншоотҳо мумкин нест, даст зада бадтар, аз ҳама насли бегуноҳро ба қатл мерасонанд.
Шак нест, ки терроризм дар пайи нест кардани низоми иҷтимоист. Дигар мақсади терроризм самтбахшии афкори омма мебошад.
Ҷое беадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ мавҷуд аст, терроризм он ҷо реша медавонад. Хушунат ва таҳдид хусусияти хоси терроризм мебошанд. Онҳо ба як ваҳшонияти гӯшношунид кормандони давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайринизомиёнро қурбон мекунанд. Ҳангоми «бархӯрди тамаддунҳо» барои пайдоиши терроризм шароит ба вуҷуд меояд. Одатан террористҳо афроди тундрав ва бераҳм ҳастанд. Мубориза бо чунин гурӯҳҳои тундраву ғараздор ва кинапеша муттаҳидӣ ва дастаҷамъии ҳар яки моро талаб мекунад.

Санг Раҷабов, омӯзгори ДТМИК-и шаҳри Кӯлоб


Back to the list