KGU

ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР

ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР 01.02.2023

ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР

Имрӯз саросари оламро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш даровардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарзо мебошад.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Ба ин маънӣ дар тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксари аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ мебошад. Хусусан, дар охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломишавии сиёсат оғоз ёфт. Сабаби асосии таҳкими чунин мақом дар сиёсати ин кишварҳо дар он мебошад, ки ислом метавонад ва қодир аст ҳамчун як низоми том ва мукаммали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоиро ба танзим дароварад ва идора намояд. Барои таҳкими нақши ислом дар сиёсати ин кишварҳо инчунин ақоиди анъанавӣ дар бораи ягонагии дин ва давлат, пайванди ҳаёти дунявӣ ва динӣ, ки дар шуури ҷамъиятии миллатҳои мусулмон хеле амиқ реша давонидааст, низ нақши хеле муҳимро мебозад. Ақидаҳои мазкур хусусан дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ, ки барои бо ормонҳо ва меъёрҳои исломӣ мутобиқ сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хеле роиҷ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд. Хусусан, баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ҷуғрофияи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтанд. Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур, яъне падидаи сиёсишавии ислом, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои муҳаққиқони ҷомеашиноси тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, ки тавассути он мо бо ин падидаҳои нави диниву сиёсӣ “аз наздик шинос шуда”, характери аҳдофи диниву сиёсии онҳоро дуруст баҳо дода метавонем. Ҳамчунин аз тариқи омӯзиши бонизоми ин масъала чигунагии таносуби байни ҳадаф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ аз як тараф ва арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсии Тоҷикистон, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Аз ин сабаб мо бояд дар раванди омӯзиш таърих ва идеологияи ин созмонҳо ва ҳаракатҳоро дуруст муайян намоем ва кадоме аз ин ҳаракатҳо бо набзи ҳаёти диниву сиёсии ҷомеаи кишварамон мувофиқ ва кадомашон мухолифу хатарнок аст, аз бар намоем. Ҳамчунин натиҷаҳое, ки аз таҳқиқи ин масъала ба даст оварда мешаванд, барои матраҳ кадани усулҳои илмиву амалии муносибати ҳуқуқӣ бо чунин падидаҳо ва ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ пешниҳод кардани тавсияҳои заруриву саривақтӣ кӯмак мерасонанд.

Муродифи истилоҳи эктремизм калимаи арабии ифрот аст, ки маънояш аз ҳад (андоза) гузаштан дар коре; ифрот кардан (намудан) аз ҳадди эътидол гузаштан (гузарондан), дар коре зиёдаравӣ кардан мебошад. Яъне, ҳар шахсе, ки асабӣ ва сарзада аст ва аз рӯи эҳсос доим қарор мебарорад ва бе андеша сухан мекунанду ҳукм кардан ба ҳар коре шуғли ӯст, ифротӣ аст.

Терроризм-экстремизм ин ду мафҳум тайи чанд соли охир зеҳну шуури мардумро гирифтор кардааст. Бисёре аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон аз дасти ин гуна дассисабозон оромии худро аз даст додаанд, ҳатто баъзе давлатҳоро шаҳрҳои ободу зебояшон аз гулистон ба гӯристон мубадал гаштаанд, ки ин миллати бофарҳангу тамадунофари тоҷикро ором намегузорад.

Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстрмизм зуҳуроти номатлуби зишт ва пурдаҳшату хатарзо буда, барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлатӣ ва рушди устувори давлатро таҳдид менамояд.
Терроризм ва экстремизм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Ситораи Абдурасул, ассистенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list