Ахиран гуфтугузорҳо оиди террористон ва дар маҷмӯъ терроризм дар сатҳи байналмилалӣ тавсеъа пайдо кардааст ва аксаран давлатҳои ғарбӣ аъмоли зиёди хушунатбор ва террористиро маҳз ба мусулмонон ва исломиён мансуб ва мутааллиқ медонанд, ки комилан ғалат ва иштибоҳ аст. Чун решаю маншаъи терроризм ва хушунатҳою зӯровариҳо зимни таҳқиқу омӯзиш маълум хоҳад гашт, ки ҳатто қабл аз ислом зуҳур кардааст.
Терроризм – ин шеваю усулест, ки тавассути он як гурӯҳ ва ё ҳизбе мехоҳад ба аҳдофи аслии худ тавассути аъмоли хушунатбор ва зӯроварӣ расад. Мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» аллакай интиҳои садаи ҳаждаҳум пайдо шуда буданд. Ҳарчанд амалҳои террористӣ ҳанӯз ҳазорсолаҳо қаблтар рӯй ҳам медоданд. Ҳатто тибқи яке аз қомусҳои фаронсавӣ, якобиҳо ин мафҳумҳоро шифоҳан ва катбан нисбати худ истифода мекарданд ва ҳама вақт ба он тобишу ранги мусбат доданӣ ҳам мешуданд. Мунтаҳо, ҳанӯз дар ҷараёни инқилоби фаронсавӣ истилоҳи «террорист» маънию мазмунию тавҳинию таҳқирӣ касб кард ва он минбаъд муродифи «ҷинояткор» гашт. Минбаъд оҳиста - оҳиста ин истилоҳу мафҳум шарҳу тафсири васеътар пайдо карда, ҳатто ҳар як низоми идорӣ, ки бар асоси тарсу ҳаросат по бар ҷо шуда буд, ба ин мафҳум онро мансуб ва мутааллиқ медонистанд. То чанде қабл, калимаи «терроризм» ба тариқи васеъ ва густурда мавриди истифода қарор мегирифт ва тамомии ҷанбаҳои аъмоли вобаста ба хушунату зӯровариро ба он нисбат ҳам медоданд.
Ибтидои солҳои 1970 - ум ин истилоҳ маънию мафҳуми ҷомеъ қабул карда, ҳоло ба маънии хушунат ва зӯроварии ҳадафманд аз ҷониби «мустазъафин», «мухолифин» ва бо «аҳдофи сиёсӣ» истифода мегардад. Ҷиҳати ба бор овардани тарсу ҳаросат террористон метавонанд аз аъмоли вобаста ба сӯхтор, инфиҷорот, қатлу куштори дастаҷамъона ва ғайраю ҳоказо истифода намоянд. Дар шароит ва мӯҳити имрӯза террористон бештар аз ҳама даст ба аъмоли гаравгонгирӣ ва ғасбу тасарруф ва сирқати ҳавопаймоҳо мезананд. Бояд мутазаккир шуд, ки «аъмоли террористӣ» ҳама вақт ҷанбаи оммавӣ дошта, барои таъсирбахшӣ ба ҷомеа ва ё ҳокимияту ҳукуматҳо нигаронида шудаанд. Ҳамзамон террористон ба тариқи фаврӣ ва оҷилӣ вижагиҳои замони муосирро дарку фаҳм менамоянд: - ҳокимият вобаста ба интихоботҳо буда, биноан, ба афкори умум марбутанд; - Васойити Ахбори Оммаи қавӣ ва нирӯманд вуҷуд доранд, ки баъзан, мутаассифона, ба аъмоли террористӣ ҳамчун «воқеаи фавқулодда» ишораҳо мекунанд ва метавонанд дар ин замина мусоидатгари ташаккули афкори умум ҳам гарданд; - шаҳрвандон дар аксари кишварҳо ба хушунат ва зӯроварии низомию сиёсӣ одати таҳаммул надоранд ва зуд таҳти тасири тарсу ҳарос қарор мегиранд.
Мутаассифона, имрӯз роҳу усул ва шеваҳои террористӣ – хушунату зӯроварӣ на фақат нисбати ҳукуматдорон ва ҳокимиятҳо, балки алайҳи аҳолии осоишта ва бедифоъ нигаронида ҳам мешаванд. Ҳамин тариқ, ниҳоятан – тавассути Васойити Ахбори Омма ба ҷомеа ангезаю омилҳои аъмоли террористӣ пешниҳод карда мешаванд ва шарту шароитҳои қатъу рафъи он низ муқаррар. Вокуниш ва аксуламали Васоити Ахбори Омма низ замони ахир яке аз шарту шароитҳои аъмоли террористӣ гаштааст.
Шурӯъ аз солхои 1970 - ум истилоҳи «терроризми байналмилалӣ» мустаъмал ва муравваҷ гашт, ки онро Кодекси СММ «Оиди ҷиноятҳои алайҳи сулҳу амнияти башарӣ» ҳамчун «татбиқ кардан, созмон додан, мусоидат кардан, маблағгузорӣ ва ё ҳавасмандгардонии аъмол тавассути омилин ва ё намояндагони як давлат алайҳи давлати дигар ва ё мусоидат намудан тавассути онҳо ҷиҳати татбиқи чунин амалҳо муайян кардааст, ки алайҳи инсонҳо ва ё моликиятҳо нигаронида шудаанд, ки бар асоси вижагӣ ва ҷанбаҳояшон мақсади дар ходимони давлатӣ, гурӯҳи одамон ва ё аҳолии том ба бор овардани тарсу ҳаросро доранд».
Тибқи маълумоти коршиносон, терроризм – сиёсатест, ки ба истифодаи муназзам ва мукаррари террор алоқаманд аст. Худи калима ва ё истилоҳи «террор» баромади лотинӣ дошта, маъниҳои «тарс» ва «ваҳшат» - ро ифода мекунад, мунтаҳо, ахиран он боз муродифҳои дигаре, аз қабили «хушунат», «тарс додан», «таҳдид кардан», «ба ваҳшат афкандан» - ро касб кардааст. Бояд мутазаккир шуд, ки то ҳол як таъйиноту таърифи пурраю ҳамаҷонибаи ин истилоҳу мафҳум ба тариқи ҳуқуқӣ дар миқёси байналмилалӣ вуҷуд надорад. Аксаран, коршиносон терроризмро ба ҳайси идеологияи хушунатбору зӯроварӣ ва амалияе арзёбӣ мекунанд, ки таъсирбахши афкори умум буда, ҳамчунин метавонад ба қабули қарорҳо тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ё созмонҳои байналмилалӣ низ муассир бошад. Дар ҳуқуқшиносии миллии ИМА – терроризмро ҳамчун хушунат ва зӯроварии ғаразнок ва ҳадафманд арзёбӣ мекунанд, ки алайҳи аҳолии осойишта ва ё иншоотҳо тавассути гурӯҳҳои фаромиллӣ ва ё омилини фаъоли пинҳонкор маъмулан ба мақсади таъсир расонидан ба рӯҳу табъи ҷомеа пиёда карда мешаванд.
Интиҳои солҳои 1960 - ум шаклу навъи дигари терроризм – терроризми ғайримуташаккил ва ё инфиродӣ ва терроризми муташаккил ва ё дастаҷамъона ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин терроризми байналмилалӣ низ зуҳур кардан гирифт. Вобаста ба ҷанбаи пиёдагардонӣ ва роҳандозӣ терроризм ба терроризми ғайримуташаккил ва ё инфиродӣ ва терроризми муташаккил ва ё дастаҷамъона ҷудо мешавад.
Терроризми ғайримуташаккил ва ё инфиродӣ аз ҷониби як ё ду нафар роҳандозӣ карда мешавад, ки тавассути созмоне тарҳрезӣ шудааст.
Терроризми муташаккил ва ё дастаҷамъона - фаъолияти террористие мебошад, ки тавассути созмони мушаххасе тарроҳӣ ва пиёда карда мешавад, аз қабили «Ал - Қоийда», созмони «ЭТА» ва ғайраю ҳоказо.
Коршиносон терроризмро вобаста ба ғаразу аҳдофи аслиашон боз ба терроризми миллӣ, динию мазҳабӣ ва идеологӣ ё иҷтимоӣ тақсимбандӣ кардаанд.
Терроризми миллӣ - аксаран ғараз ва ё аҳдофи ҷудоихоҳона ва ҷанбаи миллию озодихоҳӣ дошта метавонад. Терроризми динию мазҳабӣ - вобаста ба мубориза ва муқовимати ҳаводорону ҷонибдорон ва пайравони дину мазҳаб ва ё фирқаю ҷараёнҳое байни ҳамдигар ва ё алайҳи мӯътақидини дину мазҳаб ва ё ҷараёну фирқаҳои дигар мебошанд, аз қабили муқовимати байни католикҳо бо протестантҳо, муслимин бо ҳиндуҳо ва ғайра.
Терроризми идеологӣ ва ё иҷтимоӣ - ҳадаф ва ғарази пурра ва ё қисман тағйир додани сохтори иқтисодӣ ва ё сиёсиро дошта, афкори умумро нисбати ин масъала ва ё мавзӯъи мушаххасе таҷаммӯъ ва тамаркуз бахшидан мехоҳад. Баъзан коршиносон ин навъу шакли терроризмро «терроризми инқилобӣ» ҳам ном мебаранд. Ҳамчунин муҳаққиқин ва коршиносон бар ин назаранд, ки терроризми мухолифин алайҳи ҳокимияти давлатӣ ва ё терроризми давлатӣ алайҳи мухолифин ҳам вуҷуд дошта метавонанд.
Аъмоли террористии инфиродие дар таърих алайҳи Анвар Содот ва Индира Ганди мисолу намунаи терроризми инфиродӣ буда метавонанд.
Навъу шаклҳои мухталифи террор ва аъмоли террористиро дар амалҳои вобаста ба қатлу куштори дастҷамъонаи «ҷаллодони инқилоби фаронсавӣ» соли 1792, «террори сурх», «террори сафед», «юриши салибӣ алайҳи муслимин», таъқиботи сталинӣ» ва ғайраю ҳоказо мушоҳида ва мутолиа кардан мумкин аст.
Яке аз фаъолони аъмоли террористӣ дар Бразилия – Карлуш Маригелла ҳанӯз соли 1964 баъди тағйир додани низоми сиёсӣ дар кишвараш чунин изҳор дошта буд: «Имрӯз сарбози ҷангӣ ва ё террорист будан – сифатест, ки ба ҳар як инсони иродаи некдошта шараф меорад, чаро ки ин амал, ки як шахси инқилобгар ба он сазовор аст ва ӯ машғули муборизаи мусаллаҳона алайҳи диктатураи ҳарбии нангин аст, хос мебошад».
Мубориза бо терроризм
Коршиносон ва мутахассисине, ки ба таҳқиқи масойили вобаста ба терроризм машғуланд, ду навъи имконпазири стратегияи мубориза бо терроризмро ҷудо мекунанд: «пещрафта» ва «муҳофизакорона». Стратегияи «пешрафта» қисман гузашт кардан ба террористонро қабул дорад: пардохти маблағи мавриди назар, гузаштҳои ҳудудӣ ва маънавию ахлоқӣ. Стратегияи «муҳофизакорона» несту нобуд кардани қатъии террористон ва ҷонибдорони онҳоро пайравӣ мекунад.
Яке аз гурӯҳҳои қадимаю ибтидоии террористӣ – фирқаи яҳудии «сикориҳо» («шамшердорон») буд, ки дар Яҳудияи садаи якуми милодӣ амал мекарданд. Аъзоёни ин фирқа (секта) амалияи қатлу куштори намояндагони ашрофзодаи яҳудиро ба роҳ андохта буданд, ки ҷонибдорони мусолиҳа бо румиҳо буданд. Ба сифати силоҳ онҳо як навъ шамшерро бо номи «сико» мавриди истифода қарор медоданд. Худи онҳо яке аз сабабгорони тахрибкориҳо зимни пахш шудани шӯриши яҳудиҳо солҳои 66 – 71 - уми милодӣ дар шаҳри муҳосирашудаи Байтулмуқаддас баъди тасарруфи он аз ҷониби румиҳо гашта буданд.
Яке аз намунаҳои боризи аъмоли террористӣ дар асрҳои миёна фирқа (секта) - и «ҳашишиҳо» (мӯътодони маводи мухаддар) буданд, ки тавассути аврупоиҳо вобаста ба талаффузашон «ассасинҳо» унвон гирифта буданд. Соли 1090 - ум Ҳасан ибни Сабоҳ дар наздикии шаҳри Ҳамадони Ирони имрӯза қалъаи Аламутро таҳти тасарруфи худ даровард. Қариб ҳудуди 150 соли минбаъда ҷонибдорони ин «Кӯҳансоли Кӯҳистонӣ» ҳудуди хеле паҳноварро таҳти назорати худ тавассути аъмоли террористӣ дароварда буданд. Ва ё худи ҳуҷуму қатлу кушторҳое, ки тавассути муғулҳо таҳти сарварии Чингизхон ба роҳ монда шуда буданд.
Каррйе Жан - Батист – террористи фаронсавӣ (солҳои 1756 - 1794) соли 1792 узви хеле мутаассиби яке аз фирқаҳо, соли 1793 вандейҳои ба асорат афтодаро ба тариқи оммавӣ мавриди қатли дастаҷамъона қарор дода буд.
Таллийен Жан - Ламберт, ходими сиёсии фаронсавӣ (1769 - 1820), узви фирқаи хосае, террористи ашаддӣ таҳти таъсири ҳамсари худ соли 1794 аз амалҳои минбаъдаи террористӣ даст кашида буд.
Аз таърихи терроризми муосир
30 - уми майи соли 1972 - ум задухӯрдҳои дастаҷамъона дар майдони ҳавойии Лоди Исроил тавассути ҷангиёни ҷопонии созмони «Ренго секигун» («Артиши Сурхи Муттаҳида») ба роҳ монда шуда буд, ки 25 нафар мусофир қатл ва 72 нафари дигар маҷрӯҳ гашта буданд, ки асосан зойирин аз кишвари Пуэрто Рико буданд.
27 - уми январи соли 1973 - ум Консули кулли Туркия дар ИМА Маҳмад Бойдур ва консул дар Лос - Анҷелос Баҳодур Демир тавассути як армании 78 - сола – Гуген Яникян ба қатл расонида шуданд.
24 - уми январи соли 1975 - инфиҷор дар Ню - Йорк, дар нуқтаи таърихии Франсес Таверн. 4 нафар ба ҳалокат расида, 50 нафар маҷрӯҳ гаштанд. Инфиҷор тавассути гурӯҳи миллатгарои пуэрторикоии Фалн анҷом дода шуда буд. 24 - уми апрели соли 1975 - тасарруф ва ғасби сафорати Олмон дар Стокголм. Ин амал тавассути аъзоёни Ҷиноҳи Урдуи Сурх роҳандозӣ шуда буд.
21 - уми декабри соли 1975 - ғасб ва тасарруфи қароргоҳи ОПЕК дар Венаи Австрия. Тавассути аъзоёни созмони Ҷиноҳи Урдуи Сурх роҳандозӣ шуда буд.
8 - уми январи соли 1977 - ум - силсилаи амалиёти террористӣ дар Маскав. Амалро се нафар сокини шаҳри Еревани Арманистон – Степанян, Багдасарян ва Затикян дода буданд. Ҳар се ҳам узви ҳизби миллатгарои «Ҳизби Муттаҳидаи Миллии Арманистон» буданд.
Соли 1987 – инфиҷор дар Супермаркети Барселонаи Испания. Ташкилгарон – созмони ҷудоихоҳи насронии ЭТА.
8 - уми марти соли 1988 - ғасбу тасарруфи тайёра тавассути Овечкинҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба мақсади ба Лондон фирор намудан. 9 нафар мусофир ва 5 нафар террорист ҳалок гашта буданд.
28 - уми феврали соли 1993 - ум – дар истгоҳи «Лондон - бриҷ» - и метрополитени шаҳри Лондони Бритониёи Кабир инфиҷоре рӯй дод, ки 29 нафар ба ҳалокат расид. Масъулияти инфиҷорро Урдуи Ҷумҳурихоҳи Ирландия ба ӯҳда гирифта буд.
11 - уми марти соли 1994 - ум – ҳамлаи мусаллаҳона ба майдони ҳавоии «Хитроу» - и Лондон. Ташкилгарон – Урдуи Ҷумҳурихоҳи Ирландия.
20 - уми марти соли 1995 - ум – ҳамлаи газӣ дар метрои шаҳри Токиои Ҷопон. Амалии террористиро созмони рӯҳониятии «Аум Синрукё» роҳандозӣ карда буд. 19 - уми апрели соли 1995 - инфиҷор дар бинои маъмурии Оклахома – Сити. 165 нафар ба ҳалокат расид. Ташкилгар - миллатгарои амрикоӣ – Тимоти Маквей.
11 - уми сентябри соли 2001 – ҳамлаи фидоиён ба бинои Маркази Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар Ню - Йорк ва Пентагон. Ташкилгарон – номаълум.
29 - уми марти соли 2010 – инфиҷорот дар метрои Маскав: истгоҳҳои «Лубянка» ва «Боғи Фарҳанг». Масъулияти онро сарвари «Аморати Қафқоз» - Доку Умаров ба ӯҳда гирифта буд.
30 - юми декабри соли 2010 - ум – силсилаи инфиҷорот дар шаҳрҳои Ҷос ва Абуҷаи Нигерия.
24 - уми январи соли 2011 - ум инфиҷор дар майдони ҳавоии «Домодедово».
26 - уми марти соли 2011 - ум – мунфаҷир сохтани автобус дар Байтулмуқаддас. 11 - уми апрели соли 2011 - ум инфиҷор дар метрои Минск .
22 - юми июли соли 2011-ум инфиҷорот дар пойтахти Норвегия.
Ин аст номгӯи нопурраи амалҳои террористӣ тӯли солҳои гузашта ва чуноне, ки мулоҳиза карда мешавад аъмоли террористӣ аксаран тавассути аҳли масеҳо (насрониҳо) ва аҳли буддоия низ гузаронида мешудаанд ва ҳамин аст, ки терроризм миллату дину мазҳаб надорад.
Дар маҷмӯъ дар чунин давлатҳо бинобар аъмоли террористӣ ин теъдоди одамон қурбон шудаанд (солҳои 1995 - 2010): ИМА – 4000 нафар, Федератсияи Русия – 2500, Ҳиндустон – 2100, Исроил – 1500, Колумбия – 1300, Ироқ – 1200, Ал - Ҷазойир – 900, Покистон – 900 ва ғайра. Фақат солҳои 1970 - 1985 ҳудуди 3 ҳазор амали террористӣ дар Аврупо роҳандозӣ шудааст.
Терроризм ва интернет. Ахиран террористон аз шабакаи чаҳонии Интернет ба тариқи васеъ истифода ба амал оварданро пешаи худ қарор додаанд. Тавассути интернет (шабакаи ҷаҳонӣ) низ метавон ҷамъоварии маълумот оиди ҳадафи эҳтимолӣ, аксу тасвирҳои макон ва мавқеи ҳадаф ва тавсифоти онро ба роҳ монд. Ҳатто тавассути интернет террористон ҷамъоварии маблағу васойити молиётиро ба роҳ мемонанд. Ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудаанд, ки террористон дар сомонаҳои интернетӣ суратҳисобҳои бонкии худро дар мамолики хориҷӣ ҷиҳати ҷамъоварии маблағ сабт ва пахш кардаанд. Интернетро ҳамчунин террористон ҳамчун ташаббус ва ибтикори ба роҳ мондани терроризми рӯҳию равонӣ (психологӣ) ҳам истифода мекунанд. Аз интернет масалан террористон ҳамчун восита ва василаи пахшу густариш намудани овозаҳои даҳшатзо ва номуназзамию бетартибиҳо истифода мекунанд. Ахиран интернет бо назардошти чунин ҷанбаю вижагиҳо мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст: дастрасии умумӣ, танзиму маҳдуднамоии нисбӣ, назорати нопурраи давлатӣ, теъдоди зиёди баҳрабарон дар тамоми ҷаҳон, равобити пинҳонӣ (бидуни ному насаб), паҳну пахши сареъи иттилоъот, арзиши арзони созмондиҳии сомонаҳою торнамоҳо, имкони ҷой додани аксу тасвирҳои наворӣ ва ғайра.
Ҳайратангез боз дар баробари ин он нукта аст, ки худи таълимоти ислом худкӯширо ба ҳар навъе, ки бошад, маҳкум кардааст. Дар ҳадиси пайёмбари акрам (с.) низ омадааст, ки «шахсе, ки худро дидаю дониста ба ҳалокат мерасонад, тавассути будан ба тариқи доимӣ дар ҷаҳаннам муҷозот хоҳад шуд!».
Ба ибораи дигар тибқи таълимоти исломӣ, ҳаёту мамот фақат ва фақат мансуб ва мутааллиқ ба Офаридгор аст. Нақзу тахаллуфи ин нукта бояд ҳамчун нақзу тахаллуф ба таъйиноти иллоҳӣ арзёбӣ карда шавад.
Аслан зиёдтар ходимони сиёсии ҳамон давлатҳое зиёдтар оиди терроризм ва террористон ҳарф мезананд, ки худ низ замоне даст ба аъмоли хушунатбору зӯровариҳо задаанд. Асосан, ташхис ва таъйини аъмоли террористӣ ва ғайритеррористӣ хеле ва хеле мушкил аст ва дар ин робита бояд тадқиқотҳои илмӣ анҷом гиранд.
Боиси саодатмандист, ки роҳбарияти олии сиёсии давлати мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ сиёсати созандагию халлоқият ва бунёдкориро пеш гирифтааст. Дарҳои Тоҷикистони азиз барои тамоми кулли кишварҳои дунё боз аст. Аслан мо душманони стратегӣ надорем, балки Тоҷикистон фақат дӯстон ва дӯстони стратегӣ дорад, рӯз то рӯз пояҳои ин давлат тавассути мардуми поктинати тоҷик ва сарвари хирадманди он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму тақвият ёфта, ҳар рӯз шукуфоӣ ва ё бунёдкориҳое дар ҷомеа рӯй медиҳанд. Кору пайкор ва бунёдкориҳое тайи даврони соҳибихтиёрии кишвар сурат гирифтаанд, ки тӯли муддати мадиди салтанати шӯравӣ чунин нашуда буд.
Пас мою шумо, хонандаи гиромӣ ва ҳамватани азизро имрӯз зарур аст, ки бештар аз пештар атрофи Пешвои миллат ва роҳбарияти олии сиёсии кишвар муттаҳидтару басичтар гашта, дар рушду нумуи кишвар ва шукуфоию сулҳу суботи он саҳмгузор бошем!
Ҷумъахон АЛИМӢ, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ