KGU

ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ХОБГОҲ

ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ХОБГОҲ 03.03.2023

ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ХОБГОҲ

Санаи 2-юми март дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамзамон бо иштироки намояндагони раёсати тарбия бо донишҷӯдухтарони хобгоҳ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра, ҷонишини декан оид ба тарбия Каримозода Исроил, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ Разоқов Навруз, мутахассисони Раёсати тарбия, омӯзгорони факултети мазкур ва мураббияҳо иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро сардори раёсати тарбия Холматов оғоз намуданд. Сипас дотсент Муродова Гулчеҳра суханронӣ намуда, қайд намуданд: “Зан-модари тоҷик ин симои миллати тоҷик аст. Шумо духтаронро мебояд бо касб намудани илму дониш ва фаъолият дар тамоми соҳаҳои кишвар саҳме дар рушд ва пешрафти Тоҷикистони азиз дошта бошед. Бинобар ин, духтаронро ба ҷашни зан-модар табрику таҳният гуфтанд.” Зимнан зикр намуданд, ки барои зиндагии беҳтари духтарон дар хобгоҳ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва онҳоро мебояд, ки аз ин ғамхории садорати донишгоҳ, ки дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат қарор дорад, нигоҳдорӣ намуда, ба қоидаҳои дар хобгоҳ буда риоя намоянд.

Ҳамин тавр вохӯрӣ бо сӯҳбати озод миёни донишҷӯдухтарону намояндагони раёсати тарбия ва омӯзгорони факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ анҷом ёфт.


Back to the list