“Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд” - гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин баробар санаи 3-юми март дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-бадеӣ бахшида ба 8-уми март рӯзи "Иди модарон" таҳти унвони “Модар фаришта буд” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром, декани факултет Давлатов Миралӣ, шоираи ширинкалом Хосият Вализода, доктори илмҳои педагогӣ, прафессор Изатова Муҳаббат, муаллимаи калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ ва дигар омӯзгорону ҳайати донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал декани факултет Давлатов Миралӣ суханронӣ карда, ҳозиринро ба "Иди модарон" ва дар симои онҳо тамоми модарону бонувони диёрро табрику таҳният хонданд.
Сипас шоира Хосият Вализода баромад намуда, қайд карданд: “Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад” зимнан шоира чанде аз шеърҳои худ дар васфу ситоиши зан-модар қироат намуданд, ки писанди ҳамагон гашт.
Дар қисмати фарҳангӣ гурӯҳе аз донишҷӯён бо дастаи шеъру тарона, саҳнача, рақсу сурудҳои худ дар васфи зан-модар хотири аҳли нишастро шод намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба омӯзгорони фаъоли факултет Изатова Муҳаббат ва Табарова Зарторбӣ барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи насли ҷавон бахшида ба 8-уми март “Иди модарон” сарфароз гардонида шуд.