KGU

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ 06.03.2023

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Санаи 7-уми март дар факултети филологияи тоҷик ва журналистика Донишгоҳи  Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Занон дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат” дар доираи амалишавии “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03,03,2006, № 94 барои солҳои 2022-2023” баргузор гардид.

Дар конференсия мудири кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ номзади илмҳои филологӣ Қувватова Муҳаббат, муаллимаи калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Сайдалиева Сарварбӣ дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст Қувватова Муҳаббат баромад намуда қайд намуданд: “Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас Зан – Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи Модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан – Модар ташкил медиҳанд”.

Сипас магистранти курси якуми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Розияи Саидзода дар мавзуи “Нақши занону бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ”, донишҷӯи курси сеюми факултет Давронова Савсан дар мавзуи “Занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯён суруди алла, порчаҳои шеъри дар васфи Зан-модар ва суруду таронаҳо шунида шуд. Ҳамчунин аз тарафи чанде аз гурӯҳи донишҷӯёни факултет саҳначаи тарбиявӣ дар мавзуи “Қадру манзалати модар” пешниҳод гардид.


Back to the list