KGU

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲ 08.03.2023

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 9-уми марти соли равон дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзуи “Матбуоти тоҷик-оинаи худшиносии миллӣ” бахшида ба Рӯзи матбуот баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зиннатулло, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, директори Муассисаи давлатии Телевизиони Кӯлоб Сафаралӣ Бозорзода, профессори фахрии донишгоҳ Зафар Мирзоён, собиқадорони матбуот ва инчунин рӯзноманигороне, ки дар минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунанд, иштирок доштанд.

Сараввал, дотсент Холиқзода Айниддин суханронӣ намуда, гуфтанд, ки ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. 111 сол муқаддам, дар ин рӯз нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои Шариф» ба табъ расидааст, ки рӯйдоди муҳим ва таъсиргузор дар таърихи миллати мо маҳсуб мегардад. Матбуот яке аз рукнҳои асосӣ, пураҳамият ва пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, имрӯз ҳаётро бидуни воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан имконнопазир аст.

Дар идома устод зикр карданд, ки имрӯз саҳми арзандаи рӯзноманигорон дар пешбурди ҳаёти ҷомеа калон аст ва онҳо дар ҳама давру замон ҳамдаму ҳамнафаси халқ буданд, ҳастанд ва дар оянда низ манфиатҳои ҷомеаро дар мадди аввал мегузоранд.

"Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ матбуоти тоҷик, аз он ҷумла рӯзноманигорони вилояти Хатлон дар набардҳои иттилоотӣ баҳри ҳифзи арзишу манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти фазои иттилоотии кишвар собитқадамона ширкат варзида, дар ташаккули афкори созандаи ҷомеа, баҳри рушду шукуфоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми бориз мегузоранд.

Матбуоти тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон буда, сарчашмаи муътамади иттилоъ буду боқӣ мондааст. Матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа бахусус дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фароҳам омадани шароиту имкониятҳои озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устувор ишғол намуд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро чашму гӯши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи мардумсолорӣ номидаанд.", - зикр доштанд, раиси раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зиннатулло.

Инчунин дар чорабинӣ ховаршинос Зафар Мирзоён ва директори Муассисаи давлатии Телевизиони Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ доир ба роҳҳои тайнамудаи матбуоти тоҷик маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба як қатор собиқадорони матбуот, рӯзноманигорони фаъол барои масъулияти баланди касбӣ, хизмати созанда дар инъикоси дастовардҳои халқу давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин дар чорабинии мазкур ба дотсент Шарофат Худойдодова нишони сарисинагии “Аълочии матбуоти тоҷик” дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд ва 3 нафари дигар узви нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардиданд.


Back to the list