KGU

ТОҶИКИСТОН - ПЕШОҲАНГИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

ТОҶИКИСТОН - ПЕШОҲАНГИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ 09.03.2023

ТОҶИКИСТОН - ПЕШОҲАНГИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки «террорист дар асли худ миллат мазҳаб ва ватан надорад. Зуҳуроти терроризм бо субботу амнияти кӯраи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад».

Ҳоло яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла, ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, афзоиши зуҳуроти номатлуби терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Зеро ин омилҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид, зӯроварӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегарданд.

Терроризм ва экстремизм вабои асранд. Онҳо равандҳои номатлубанд, ки имрӯзҳо тамоми аҳли башарро дар ташвиш гузоштаанд. Вақтҳои охир ҳамаи нохушиҳо, нооромиҳое, ки тариқи нашрияҳо ва ҳам садою симо ва шабакаҳои интернетӣ огоҳӣ пайдо мекунем, маълум мешавад, ки сабабгори аксари ин ҳаводисҳо ба ҳамин вабои аср алоқамандӣ доранд.

Терроризм яке аз зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ буда, ба қасди содир намудани таркиш, сӯхтору куштор роҳандозӣ мешаванд ва дар ҷомеа тарсу даҳшат, изтиробу парешониро ба вуҷуд меорад.

4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез», баргузор гардида буд, ки дар кори он намояндагони зиёда аз 50 давлати дунё иштирок доштанд. Ҳадафи ин Конфронс: мо шаҳрвандони ҷомеа бояд дастаъҷамона ҳушёриву зиракиро аз даст надода, дар сулҳу суббот, амнияти давлат ва ҷомеа нақшгузор бошем.

Дар кори конфронс намояндагони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои зиёди дунё (аз ҷумла, муовини Дабири кули Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков ва Дабири кулли Созмони  ҳамкорӣ дар Аврупо Томас Гремингер) иштирок ва баромад намудаанд.

Тамоми кишварҳои олам андеша ва нигаронӣ аз он доранд, ки дар кишварҳояшон гурӯҳҳои ифротгароӣ-террористӣ пайдо шуда, боиси нооромии кишвар ва мардум мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб ифротгароӣ-терроризм даст мезананд, аслан маърифати паст, дониши маҳдуд доранд, ҷаҳонбиниашон танг аст. Маҳз нафароне, ки дину имон надоранд, пайваста дар фикри корҳои ношоям, нооромии ҷомеа ва ҷангу ҷидол мебошанд. Пешвои миллатамон пайваста қайд менамоянд, ки «Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад».

Хушбахтона, тақдир ба рӯйи ин миллати фарҳангдӯст хандиду шахсияти ватандӯсту миллатдӯст Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбарии кишварро ба уҳда гирифт. Ба хотири сулҳу ваҳдати комил дар кишвар Пешвои миллат ба сари мизи гуфтушунид бо мухолифин нишаст. Мо ҳаргиз ин холатро набояд фаромуш намоем. Дар ин бора сарлашкари бузург, Қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд (равонаш шод бод) чунин мегӯяд: «Ман имрӯз роҳбари давлати шуморо дида, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ барои сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадхатии  миллати мо-афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надорем».

Бале, боиси сарфарозии мо-тоҷикон аст, кичунин роҳбари сулҳпарвар ва миллатдӯст дорем. Ӯ тавонист бо савияи баланди кордонии худ ҷанги хонумонсӯзро бо роҳи гуфтушунид ба охир расонида, гуноҳи ҷинояткоронро бахшад ва сулҳро бо онҳо якҷоя ҷашн гирад. Лек душманони миллат ба ҳаёти осоишта тоб наоварданд, ба қадри тинҷиву аммонии кишвар нарасиданд.

Шайх Саъдии Шерозӣ дар ҳикояте, сангпушт ба ақраб хубӣ мекунаду ба хотири наҷоти ӯ ҷони хешро ба хатар мегузорад, вале дар ҷавоб ба ҷои ташаккур неши ақрабро ба пушт мехӯрад, хуб гуфтааст:

Неши ақраб на аз пайи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Бале, мухолифини имрӯзаи кишвар ҳамон ақраберо мемонанд, ки табиаташон неш задан аст ба қадри хуби нарасида, гузашт ва дӯстиву рафоқатро нодида мегиранд. Шоире барҳақ гуфтааст:

Эмин аз душмани хомӯш шудан мумкин нест,

Хатари роҳравон аз саги ғофилгир аст.

Онҳо ҳамеша аз пушти камбуд ҳарф мезананд, вале набояд фаромӯш кард, ки ҷойе, ки кор аст камбуд низ ҳаст. Камбудиҳо ҳамеша бартарафшавандаанд ва ватандорӣ асил барои рафъи камиву косиҳои кишвараш кӯшиш мекунад. Аз рӯи адолату инсоф нест, ки дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, санги маломат ба сари миллату давлати хеш бизанӣ. Кишвари мо бо ободкориҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ аллакай ҷойи муносиби худро ишғол намудааст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳақ, эътирофаш мекунанд. Барои ин ҳамаро дидан чашму дили пок ва зебобин доштан мебояд.

Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз ҷавонони мо бинобар сабаби паст будани шуурнокӣ ва маданияти сиёсӣ, рушд наёфтани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ба ҳаргуна гурӯҳҳои террористиву ифротгаро шомил шудаанд, ки ин аҳли ҷомеаро хеле ба ташвиш андохтааст.Ҷавоноро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омилҳои пайдоиши шахсони ифротгаро ва гурӯҳҳои террористиро биёмӯзанд ва барои рафъи онҳо кӯшиш кунанд, то сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.  

Ин амал мо-омӯзгоронро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, мунтазам ба тарғибу ташвиқи ғояхои олии ватандӯстӣ машғул шавем ва дар самти омӯзиши илму ҳунар ва касбу кор азму суботи комил дошта бошем, пайваста ба воситаи чорабиниҳои беруназсинфӣ ва дарсҳои тарбиявӣ дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва шуурнокии сиёсии хонандагонро баланд бардорем. Зеро худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, парастиши хислатҳои наҷиби инсонӣ, дӯстӣ ва рафоқат, парҳез аз макру фиреб ва дурӣ ҷустан аз хиёнат ба давлату миллат хусусиятҳои асил ва барҷастаи насли муосир ба шумор мераванд.

Чунин андешаронӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанги мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳон муаррифӣ шуда, аз тарафи дигар, ҳар як фарди бофарҳанг, бонангу бономус ва ватандӯстро бори дигар водор мекунад, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки дар амнияти кишвар ҳиссагузор бошанд. Зарур аст, ки ин ҳикмати ниёгонро омӯзем, ки гуфтаанд:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддаси давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ҳам қарз, ҳам масъулият ва  ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Мо омӯзгорон, мураббиёну шаҳрвандони кишвар ва фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бод арки амиқи масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш кунем, балки онро бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо ба созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Малоҳат ДАВЛАТОВА,  ассистенти кафедраи равоншиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list