Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз- ҷашни соли нави мардумони эронинажод аст, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ 1-уми фарфардин ё ҳамал ё 21- уми марти солшумории милодӣ фаро мерасад.Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд.Наврӯз «рӯзи навъ» маънӣ дошта дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.
Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои «Рӯзи нав» ва «тоза», «рӯзи нахустин», аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нави аз он оғоз мегардад омадааст. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абдурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»- Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳнома Фирдавсӣ, ба ин гуна ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст.
Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номидаанд. Аз ин китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия», «Ал-тафҳим»- Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид.Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якӯм то панҷӯми моҳи фарфардин гиромӣ дошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарфардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои тахрихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намуданд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукумронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Агар ба тахърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд. Дар баробари пайдоиши ҷашни Наврӯз дар байни олимон ва таърихшиносони қадиму муосир фикрҳои зиёд ба чашм мерасад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд.
Дар таърихи 18-уми ферали соли 2010 дар ҷаласаи 64 – уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳони Наврӯз» ва тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Дар қатънома гуфта мешавад, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷилил гардад.Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, то ба имрӯз омада расидааст. Аз ҳама зиёд ва хубтару бештар Наврӯзи хуҷастаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистони худамон ҷашн мегиранд ва тамоми расму русуми дар гузашта мардуми ориёӣ доштаро мо дар ҷашни Наврӯз қайд менамоем ва тамоми он бозиҳое, ки дар ин фасл ҳаст, ҷавонон бо меҳру муҳаббати хос қайд мекунанд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати кишвар ба таърихи фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамоянд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардуми таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад. Аз ин лиҳоз ҷашни Наврӯзро ба мардуми тоҷик ва тоҷикистониён табрику таҳният гуфта ба ҳамаи онҳо пеш аз ҳама саломати умири дароз ва дар зиндагониашон хушиҳои зиндагиро тамано дорам.
Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳарӯзатон Наврӯз бод.
Ҳанифа ШАРИФОВА, ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими Донишҳгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ