KGU

ТЕРРОРИЗМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕЪАИ ИМРӮЗА

ТЕРРОРИЗМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕЪАИ ИМРӮЗА 14.03.2023

ТЕРРОРИЗМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕЪАИ ИМРӮЗА

Хатари тахдиди марг, носолим гардонидани  вазъи ҷомеа, иғвоандози дар байни одамон, махсусан  миёни ҷавонон ва дигар амалҳои ғайри инсони аз ҷумлаи амалҳои гурӯҳҳои ифротгаро гуфта мешавад. Ифротгарои зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқи ва воқеи дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикос ёфта мебошад, ки ба бенизоми, тағйири сохти конситутсиони, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунанд. Яке аз шаклҳои ифротгароӣ ифротгароии динӣ мебошад, ки оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70-80-уми  қарни 20 рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисоли ҳаракати «Толибон» «Ал-қоида» ва  «Ҳизб-ут таҳрир» мушоҳида карда метавонем.

Асоси ҳуқуқи мубориза бар зидди ифротгароиро Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» (соли 2003) ташкил  медиҳад. Мо омӯзгорон  чун табақаи пешқадам ва закии ҷомеа, бояд дар сафи пеши мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ сухангу бошем. Вобаста ба ин дар дарсҳои ҳаррӯза ва тарбиявӣ ба хонандагон бо далелу рақамҳо равшану возеҳ фаҳмонем, ки  терроризм ва ифротгароӣ чист?  аъзоёни он чи мақсад доранд? таърихи пайдоиши онҳо аз куҷо маншаъ мегирад? пайравону роҳбаронашон киҳоянд ва амалиёти онҳо барои ҳаёти инсонҳо чи сон хатар овардааст. Таи чанд моҳ аст, ки мо тавассути телевизион, радио ва интернет рӯзномаю маҷаллаҳо хабар дорем, ки бархе аз ҷавонони мо барои ҷиҳод ба давлати  Сурия рафтаанд.

Ҷавононе, ки имрӯз дар чунин самт мераванд онҳо нафароне ҳастанд, ки тарбияи хуби оиларо надоранд ё аз илму фарҳангу сиёсат хабардор нестанд. Президенти кишвар Ҷаноби оли, Эмомалӣ Раҳмон дар паёму суханрониҳояш таъкид ба таъкид мегунд ки ҷавонон бояд илм омӯзанд, дониш аз худ кунанд, чунки ояндаи миллатанд. Дар давлате, ки саросар сулҳ аст амният пойдор аст, ҳама дар фазои озод сухан мегӯянд, истироҳат мекунанд, дониш меомӯзанд чи лозим сарсонии падару модар, чи лозим ашки чашму интизориҳои фарзанд, ки озодиро зери по карда рӯ ба ҷаҳаннам, яъне рехтани хуни ноҳақу ба ҷони худ ҷабр карданҳо мераванд.

Имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки ноболиғони мо кинофилмҳои аз дуконҳои фитта фурӯши дастрас мекунанд, ки қобили тамошо нестанд, яъне онҳо тамоман то ба синни балоғат иҷозат дода нашудааст. Вақте, ки ноболиғ фитаро (дискҳо бо навовариҳои хушунату зуровари, куштору ваҳшоният) мехарад дар куҷо ӯро тамошо мекунад, албатта дар хона ва масъулини хона (падар, модар, бародар ва дигарон) ба ӯ аҳамияте намедиҳанд ва баръакс бо ӯ ҳамроҳ мешаванд. Мағзи носолим аз ҳамон ҷо куштор, таҳқир таҷовуз ва дигар амалҳои бадро дар майна ҷо карда оқибати носолимии ҷомеаро меорад.  Ба хонандагон дар бораи кирдорҳои ғайри инсони ва марговари террористон дар чанде аз кишварҳои олам, аз ҷумла Ироқ, Туркия, Руссия, Афғонистон ва ғайра бо далелу рақамҳо, нишон додани лаҳзаҳо аз амалиётҳои фоҷиабори террористон тавассути СММ ба мақсад мувофиқ аст. Аммо ин ҷиноятҳо  хусусияти  систематики доранд, зеро  онҳо сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидахои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқии ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад.

Дар шароити чаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ахолоқии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан, ба мақсад хеле мувофик аст. Бинобар ин мо - шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият бехабари ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат гузашта, ба бегона парастию кадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад. Беҳуда нест, ки кувваҳои манфиатҷуй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Гуфтан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими асоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Акбарова БИБИНИСО, ассистенти кафедраи химия ва методикаи  таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ



Back to the list