KGU

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ 15.09.2018

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Санаи 15.09.2018 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият" бахшида ба 70-солагии доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоев Маҳмуд Холович баргузор гардид. Дар кори конфронс зиёда аз 60 нафар олимону мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Мувофиқи барномаи конфронс дар ҷаласаи пленарӣ нахуст ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард. Дар идома Аъзамов Х., номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо маърӯзаи "Аз ҳаёт ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии профессор Абдуллоев Маҳмуд Холович", Мирзоев Ғ., номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо маърӯзаи "Омилҳои рӯй овардани профессор М.Х. Абдуллоев ба таърихшиносӣ" ва Мавлонова Р.М., номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи "Инкишофи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият" баромад карданд. Ҳамчунин, қисми дигари ҷаласаи пленариро хотираҳо аз ҳамсабақию ҳамкориҳо ташкил кард, ки дар он профессорон Маликов М.Ҳ., Зарипов З., аз Донишгоҳи славиянии Россияву Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав Абдуназаров Х. ва сармуҳаррири рӯзномаи "Народная газета" Камолова М. суханронӣ карданд. Баъди ҷамъбасти кори ҷаласаи пленарӣ конфронс дар ду бахш: бахши педагогика ва бахши таърих идома ёфт. Дар корконфронс муҳмтирин масъалаҳои соҳаи маориф дар давраи истиқлолоият мавриди таҳлил вабаррасӣ қарор дода шуд.


Back to the list