KGU

ИФТИХОРОНОМАИ “ҶУМҲУРИЯТ” БА ЗАФАР МИРЗОЁН

ИФТИХОРОНОМАИ “ҶУМҲУРИЯТ” БА ЗАФАР МИРЗОЁН 11.10.2018

ИФТИХОРОНОМАИ “ҶУМҲУРИЯТ” БА ЗАФАР МИРЗОЁН

Зафар Мирзоён, ховаршинос, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои нашри матолиби ҷолиб ва иштироки фаъолона дар озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи "Ҷумҳурият" якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд. Бояд қайд намуд, ки Зафар Мирзоён яке аз олимони сермаҳсул буда, пайваста мақолаҳояш дар рӯзномаҳову маҷаллаҳои илмӣ чоп мешаванд. Инчунин, муаллифи якчанд таълифоти илмист. Танҳо дар соли 2017 дар саҳифаҳои васоити ахбори омма 36 мақола чоп кардааст, ки онҳо ба мавзӯи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бахшида шудаанд.


Back to the list