KGU

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ 21.09.2018

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Рӯзи 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло баромад намуда, ҳизиринро табрик гуфт. Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши хатлонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Хосият Вализода суханронӣ намуданд. Ғайр аз ин, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа Зафари Мирзоён дар мавзӯи "Сухани гузаро оид ба рӯдакишиносӣ дар Эрон", доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ дар мавзӯи "Устоди маонӣ ва оятҳои Қуръонӣ (Қуръон ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ)", дотсенти кафедраи педагогика Иброҳимов Гурез дар мавзӯи "Соҳибқирони шоирон устод Рӯдакист" маърӯза намуданд. Дар охир аз тарафи донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик ва журналистика шеърҳо аз ашъори шоир қироат карда шуд.


Back to the list