Дар санаи 09.10.2018 корманди Вазортаи маориф ва илми Руссия, номзади илмҳои филологӣ Шадурский Владимир, Сергей Алексеевич Ларен, н.и.ф-аз донишгоҳи давлатии Воронежи Руссия ва Русакова Марина н.и.ф, мудири кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи Славянии Руссия-Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хондани лексия ва гузаронидани семинари илми-методӣ ташриф оварданд. Семинари илми-методӣ оид ба “Нигоҳдорӣ, дастгирӣ ва инкишофи забони русӣ” барои омӯзгорони ихтисосашон адабиёти рус гузаронида шуд. Русакова Марина н.и.ф лексия дар мавзӯи “Правда и Память» о Солженицыне ва машғулияти амалӣ дар мавзӯи “Воплащение трагического миросозерцания в романе И.С. Тургенева “Отцы и дети» гузаронид. Сергей Алексеевич Ларен, н.и.ф бошад, лексия оиди “Антропология Л.Н Толстого: люди и звери” ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Н.Г Чернышевский-человек эпохи перелома» ташкил намуд.Дар семинарии мазкур 68 омӯзгор иштирок доштанд ва дар ҷамъбасти семинар 40 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар доираи лоиҳаи дастгирии забони русӣ соҳиби сертификат гаштанд.