Дар доираи лоиҳаи ERASMUS+, PAWER - “Роҳ ба сӯи табодули байниминтақавӣ ва таъмини дастрасӣ ба аҳамиятнокӣ, сифатнокӣ ва баробарҳуқуқӣ”, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шарик мебошад, рӯзи 09.10.2018 намояндагони ин барнома: Марко Калибрис ва Марсимиям Донеско аз Донишгоҳи Лакуилаи Италия ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ташриф оварданд. Сараввал масъулони лоиҳаи мазкур аз донигоҳи Кӯлоб Орипов Орзу ва Қурбонов Кароматулло меҳмононро пешвоз гирифта гирифтанд. Сипас дар қабулоҳ ректори донишгоҳ доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Ҳабибулло меҳмононро қабул намуда дар бораи таърихи донишгоҳ, сохторҳои донишгоҳ ва факултаҳои донишгоҳ ба меҳмонон маълумотҳои лозимаро пешниҳод намуданд. Марко Калибрис зимни суханронии худ қайд намуданд, ки “чунин шароите, ки дар донишгоҳи Кӯлоб аст, дар баъзе аз донишгоҳҳои мамлакатҳои аврупои дида намешавад. Мо бовар дорем ки дар оянда муносибатҳоямон бо ин донишгоҳ густариш ёфта донишҷӯёни донишгоҳи Лакуилаи Италия дар ин донишгоҳ ва донишҷӯёни Кӯлоб дар донишгоҳи мо имконияти таҳсилро пайдо хоҳанд кард.” Аз тарафи Марсимиям Донеско ба ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб муҳтарам Абдулло Ҳабибулло ҷуздон, ки нишони донишгоҳи Лакуилаи Италия ва дар он нақшбанди гардида буд, тақдим гардид. Меҳмонновази ва ҳунарҳои минтақаи Кӯлоб ки дар саросари ҷаҳон ба тоқии чакан ва куртаҳои чакан эътироф шудааст, ба меҳмонон тоқии чакан ва мусавварае, ки дар он нақши чакан бо як маҳорати баланд духта шуда буд, ба меҳмонон ҳамчун рамзи Кӯлоби бостонӣ супорида шуд. Мақсади сафари ин меҳмонҳо ҳамчун шарики лоиҳа, шиносоӣ бо роҳбари донишгоҳ, дидан намудан аз имконияту мушкилиҳои донишгоҳ ва вохӯри бо аъзоёни лоиҳаи ERASMUS+, PAWER буд..