Дар санаи 09.10.2018 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ «Ҷамъияти илмии донишҷӯён» дар мавзӯи «Дигарандешии солим ва дигарандешии носолим» баргузор гардид.. Гуфтан ба маврид аст,ки ин мавзӯъ яке аз проблемаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта тамоми сайёраро ба ташвиш овардааст. Матраҳ кардани чунин проблемае, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст барои мо хеле муҳим аст. Мақсад аз интихоб кардани чунин мавзӯъ дар он аст, ки ҷавононро бо ҳам ҳушдор созем, то фирефтаи ҳар гуна гуруҳҳои ифратгоро нашаванд ва зиракии сиёсии худро аз даст надода барои ҳифзу буми ватани азизамон худро барканор нагиранд. Ҳамзамон сабабҳои пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои номатлуби номбурда дар он аст, ки ҷавонон аз маърифти ҳуқуқӣ бебаҳра буда,ҳатто пас аз таҳсил дар мактабҳо олӣ аз донишҳову арзишҳои худшиносии миллӣ, масъулияти ватандорӣ ва монанди он бенасиб мемонад ва дар натиҷа ба гуруҳи ифротгаро шомил мегардад.
Дар конференсияи имрӯза раиси ҶИД Шерхон Сулаймон, ҷонишин Мартаба Мирмадова, ректори донишгоҳ Абдулло Ҳабибулло, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа Зафар Мирзоён, ноиби ретор оид ба илм ва инноватсия Шарофат Худойдодова, кормандони ШКД ва зиёда аз 100 нафар аъзоёни ҶИД ишток доштанд.
Аз рӯи рӯзномаи тартибдодашуда, раиси ҶИД Шерхон Сулаймон конференсияро оғоз намуда, сипас сухан ба ректори донишгоҳ мӯҳтарам Абдулло Ҳабибулло дода шуд.
Тибқи рӯзнома баромад карданд:
1.«Дигарандешии солим ва дигарандешии носолим»- раиси ҶИД Шерхон Сулаймон. (Маъруза илова мегардад)
2.«Ифотгароӣ ва андешаҳои носолими онҳо»- ҷониши раси ҶИД Мартаба Мирмадова. (Маъруза илова мегардад)
3.«Дигарандешӣ ва паҳлӯҳои илмиву сиёсии он»- мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа Зафар Мирзоён.
Дар охир баҳсу мунозираҳо доир гардид ва саволҳое, ки аз тарафи иштирокдорон пешниҳод шуда буд, ба ҳамааш ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Барои боз ҳам пурра кардани ин мавзӯъ устоди арҷмандамон профессори фахрии донишгоҳ Зафар Мирзоён дар охир баёни андеша карданд.
Зафар Мирзоён дар гузориши худ аз ҷумла изҳор намуданд, ки дар ҷомеаи демократии мо ҳар шахс дар пиромуни ҳар падидаву рӯйдоде озод аст фикри шахсии худро дошта бошад, аммо барои баёни фикри худ шахс ҳамеша андешаеро набояд аз ёд бибарад, ки оё ӯ то чӣ андоза ба худ иҷоза дода метавонад, то фикри шахсиашро барои дигарон матраҳ карда, ҳатто талаб намояд, ки дигарон онро бипазиранд. Дар баёни фикри худ шахсро мебояд пеш аз ҳама риояи нукоти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назар бигирад. Дигар ин ки дар гуфтору кирдори хеш риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро лаҳзае набояд аз ёд фаромуш созад. Ҳамчунон нуктаеро ҳамеша дар нигар дошта бошад, ки инсони ботарбия дар гуфтори худ ба ақидаву биниши ҳамсӯҳбат эҳтиром гузошта, боиси малол ва гузашта аз ин асабонияти ҳамсӯҳбаташ нагардад. Набояд аз дида дур дошт, ки барои таҳқири шахси дигар дар назди қонун ҷавобгӯ мебошад. Ба ҷуз ин ҳар як шаҳрванди баномуси кишвар боясти бидонад, ки мо тоҷикон дар баробари эҳтиром ба қонунҳо дар замири худ масъулиятҳои миллатсозӣ ва давлатсозиро дорем, ки ҳар ватанпарасти тоҷикро вомедорад, то арзишҳои милливу давлатдориро дар ҷойгоҳи аввали андешаронии хеш бигзорад. Дар ин росто амалҳои зишту харобсози нерӯҳои иртиҷоъии дар кишварамон тухми нифоқу низоъ корандаро пеши рӯ овардан муҳим аст. Ҳамон гуна ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки имрӯз бо хиёнатҳои худ ба Ташкилоти Террористӣ – Экстремистӣ табдил ёфтааст, пайваста дар миёни мардум таблиғот мебурд ва имрӯзҳо он амалиёти ватанфурӯшонаи хешро аз қаламрави кишварҳои Аврупоӣ, идома медиҳад. Шахси ноогоҳ ва тарбияи зарурии сиёсӣ надоштаро мехоҳанд ба доми макри худ гирифтор кунанд. Дар зоҳир гӯё мехоҳанд кишвари моро саноатӣ ва пешрафта созанд. Аммо бо кадом роҳҳо? Албатта ваъдаҳои он зархаридони хориҷӣ пӯчу холӣ аз мантиқ буда, шахси огоҳ ва донишандӯхтаро наметавонанд ба сӯйи худ ҷалб намоянд. Онҳо намехоҳанд ба ҳаракати умумимиллии ободсозии кишвар, таъмини ҷойҳои корӣ, омӯзишу парвариши ҷавонону наврасон, сохтмони нерӯгоҳҳои азими барқи обӣ ва саноатисозии кишвар ҳамроҳ бошанд. Онҳо баръакс дар замири худ вайронкорӣ, баргашт ба иқтисодиёту иҷтимоъиёти асрҳои миёнаро, доранд.
Гаҳе ба назар мерасад, ки аҳли тақво аз минбарҳои масҷидҳо ва гуфтугӯҳояшон бо ҷавонон аз ҳад беш ба афсонаҳои омиёнаи динӣ машғул шуда, худро аз ҳаракати умумимиллии миллатсозӣ ва бунёдкорӣ дур мегиранд. Ба гумони мо барои аҳли тақво низ майдони сӯҳбатҳои барои мардум фоидаовар хеле васеъ аст. Чаро онҳо аз он ояҳои Қуръон кор нагиранд, ки ба куфри нашъамандӣ, аз ҷумла қочоқ ва фурӯшу истеъмоли героин, поксозии гирду атрофи хонаҳо, нигаҳбонии муҳити зист, аз он ҷумла обҳои равон ва сарчашмаҳо, эҳтироми падару модар ва даҳҳо оятҳое, ки ба накӯкорӣ нигаронида шудаанд, кор намегиранд?! Онҳо ба доми фиреби ифротиёни дингаро, фундаменталистони ҷангхоҳ, ҷиҳодиёни бехирад гирифторанд, ки аз тарафи нерӯҳои тахрибкори хориҷӣ роҳнамоӣ ва маблағгузорӣ мешаванд.
Устод Зафар Мирзоён ҳамчунин ба як қатор саволҳои иштирокдорон посух дод.
Конференсия масъалаи ташкилии рӯзномаро баррасӣ намуд:
Тибқи рӯзнома масъалаи ҳайати шӯрои ҶИД дида баромада шуд.
Бинобар сабаби ба докторантураи ДМТ дохил шудани раиси ҶИД Сулаймон Шерхон, ҷонишини он Мартаба Мирмадова ва Абдуҷаббори Абдулаҳад, ҳайати нави шӯрои ҶИД интихоб гардид. Ба ҳайат шомил шуданд:
1.Набизода Самариддин, донишҷӯи соли чоруми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика.
2.Давлатова Гулафзо, донишҷӯи соли чоруми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика.
3.Муҳаммадраҳими Хуросонӣ, донишҷӯи соли чоруми факултаи омӯзгорӣ
4.Мазарипова Меҳрангез, донишҷӯи соли сеюми факултаи химия ва биология
5.Шоева Дилноза, донишҷӯи соли дуюми факултаи молиявию иқтисодӣ
6.Алишери Абдулмаҷид, ассистенти кафедраи журналистикаи факултаи филологияи тоҷик ва журналистика.
7.Шарипов Бедилҷон
Дар зимн маҷлиси шӯрои ҶИД баргузор гардид, ки бо иттифоқи оро, Набизода Самариддин раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯён, Давлатова Гулафзо ва Муҳаммадраҳими Хуросонӣ муовинони раис интихоб гардиданд.