Санаи 09.10.2018 дар Маркази рушди касбият ва инноватсия дар доираи клуби “Иқтисод” дар соли нави хониш нахустин семинар-омӯзиш аз тарафи мутахассиси марказ Абдуҷаббори Абдулаҳад ва донишҷӯи курси 3-юми факултаи молиявию иқтисодӣ Давлатов Дилбоз бо донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯи мубрами рӯз “Иқтисоди сабз” баргузор гардид.
Мақсад аз гузаронидани семинар-омӯзиш ин сараввал таваҷҷӯҳи донишҷӯёнро ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда оиди нақшаи дурнамои ҳукумати кишвар воқиф гардонидан буд. Инчунин, интихоби чунин мавзӯъ яъне “Иқтисоди сабз” низ мавзӯи мубрам буда, яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати кишвар ба шумор меравад.
Семинар-омӯзишро сардори марказ ифтитоҳ бахшида, оиди мавзӯъ якчанд сухан ронд. Баъдан суханрононро ба иштирокчиён шинос намуда суханро ба тренерон дод. Сипас, оиди таърихи “иқтисоди сабз” маълумот дода шуд. Зимнан қайд гардид, ки барои ноилшавӣ ба ин ҳадафи олӣ ҳадафҳои зерини стратегии рушд барои 15 соли оянда муайян шудаанд:
а) таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;
б) раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ва табдил ба кишвари транзитӣ;
в) таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;
г) вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.
Дар қисмати дуюми семинар оид ба фаъолияти НОБ-и Роғун, ки барои иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ мегардад, маълумоти муфассал дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар семинар-омӯзиши мазкур 27 нафар донишҷӯи фаъол аз факултаҳои мухталифи донишгоҳ шаркат варзиданд. Аз тарафи донишҷӯён саволҳо доир ба самти мавзӯъ дода шуда посухҳои мушаххас гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки семинар-омӯзишҳои клуби “Иқтисод” ҳар ҳафта роҳандози гардида дар мавзӯъҳои гуногуни иқтисодӣ баромадҳо гузаронида мешавад. Ҳамаи семинарҳо тариқи рунамо (презентатсия) баргузор мегардад.