Санаи 10-уми октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи варзиши "Гуштини миллӣ" гузаронида шуд, ки дар ин мусобиқа ду донишҷӯи донишгоҳ ғолиб гардиданд: Комилов Шоҳрух дар вазни 75 кило ҷойи 1-ум ва Раҷабалии Ёқуб дар вазни 60 кило ҷойи 3-юм.