Дар пайравӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчи хубтар пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро корҳои хуберо ба роҳ мондааст. Бо пешниҳоди мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, ҳамчунин роҳбари гурӯҳи ҷавонони "Авангард"-и назди ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб Ҷалилов Меҳроб Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон курсҳои омӯзишии забонҳои русию англисиро дар шаҳри Кӯлоб бароҳ монда, маблағи зарурӣ ҷудо намуд. Дар ин курсҳои омӯзишӣ 30 нафар ҷавонон ба таври ройгон таҳсил карда, дар ҳамкорӣ бо Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соҳиби сертификат гаштанд.